Дар Тоҷикистон боғи зардолу чанд гектарро ташкил медиҳад?
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар «Боғи Ирам» иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мешаванд. Дар ин рӯз аз ҷониби боғпарварони ҷумҳурӣ навъҳои маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, аз қабили «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», Тоҷибой», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳадафи таҷлили ин ид аз чӣ иборат аст ва чаро маҳз ба парвариши ин мева дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зиёд аст? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Зардолу аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва ғизоию табобатӣ дорад. Таркиби бойи кимиёвии меваю донаки зардолу сабаб шудааст, ки он ҳамчун ғизои парҳезӣ эътироф гардад.
Тайи солҳои охир дар Тоҷикистон боғҳои зардолу васеъ гардида, кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд. Тоҷикистон содироти на танҳо зардолуи тару тозаро афзоиш медиҳад, балки аз истеҳсол ва фурӯши меваи хушк ба хориҷа фоидаи бештар ба даст меорад. Ҳамасола ҷумҳурӣ то 90 ҳазор тонна хушкмева содир менамояд, ки бештари онро меваи хушки зардолу ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат 65,5 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки 53 ҳазор гектари он мевадиҳанда мебошад. Соли 1991 боғи зардолу дар Тоҷикистон тақрибан 30 ҳазор гектарро ташкил менамуд.
Дар панҷ моҳи соли 2026 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат наздик 37 ҳазор тонна меваи хушк содирот карда шудааст, ки беш аз 11 ҳазор тоннашро зардолуи хушк ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра 1200 тонна зардолуи тар содирот карда шудааст.
Дар Тоҷикистон чанд навъи зардолу парвариш меёбад?
Ба гуфти олимони соҳаи боғпарварии мамлакат, айни замон дар Тоҷикистон 200 номгӯй навъу намунаҳои зардолу парвариш меёбанд, ки онҳо хеле маъмул ва таърихи зиёд низ доранд. Ин навъҳо дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, берун аз Тоҷикистон хеле васеъ паҳн шудаанд, ки онҳо боғ бунёд намуда, аз ин навъҳо истифода мекунанд.
Таърихи парвариши дарахти зардолу ва ба даст овардани ҳосили он дар миқёси Тоҷикистон қариб 5-6 ҳазор солро дар бар мегирад. Дар ин давра деҳқонон, шахсони алоҳида ва олимон тавонистанд якчанд навъҳои маҳаллии дарахти зардолуро офаранд ва онҳо чун навъҳои маъмул дар Тоҷикистон ва берун аз он васеъ паҳн шуданд. Сифатан зардолуе, ки дар шароити Тоҷикистон парвариш карда мешавад, ҳамто надорад.
Шароити иқлими Тоҷикистон барои рушди зардолупарварӣ хеле мувофиқ аст. Боғҳои асосии саноатии зардолу дар навоҳии шимоли ҷумҳурӣ — Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Айнӣ, Ашт ва қисман дар Кӯҳистони Масчоҳ ҷой гирифтаанд.
Дар таркиби тухми (донаи) зардолу вобаста аз навъҳо сафеда, равған, калий, фосфор, магний, сулфур, калсий, оҳан, синк, инчунин витаминҳои В1, В2 , РР, В9 мавҷуд аст. Зардолу маҳсулоти хуби ғизоӣ ва парҳезӣ аст. Онро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд, аз он мураббо, компот ва шарбат мепазанд.
Бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди куҳна дубора барқарор гардид.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст






