Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ифтитоҳ ёфт, ки то 24 июн идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум дар мувофиқа бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо пешниҳоди Котиботи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуда, дар доираи баргузории он беш аз 30 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар Форум намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Русия ва Туркманистон иштирок менамоянд.
Дар ҷараёни форум кӯдакон бо таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллии давлатҳои иштирокчӣ шинос шуда, дар олимпиадаи зеҳнӣ, вохӯрӣ бо қаҳрамонҳои варзиш, мастер-классҳо, гаштҳои сайёҳӣ, марафони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, инчунин дигар мусобиқаҳои дӯстона иштирок менамоянд.
Форум то 23 июн дар шаҳри Душанбе идома ёфта, кӯдакон бо як қатор муассисаҳои фарҳангии пойтахт ва Парлумони Тоҷикистон шинос мешаванд.
Ҳадафи баргузории форум муколамаи фарҳангӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони давлатҳои Иттиҳод арзёбӣ мегардад.
Форуми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» шуруъ аз соли 2013 дар Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Беларус доир карда шуда, соли 2026 мизбонии онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






