Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

Июнь 26, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки то дар ҷомеа оромӣ ва якдилӣ ҳукмфармо набошад, ҳеҷ як меъёри ҳуқуқӣ амалӣ намегардад, ислоҳоти созанда замина намеёбад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмину ҳимоя карда намешавад. Сулҳ заминаи устуворест, ки волоияти қонун дар меҳвари он устувор мегардад.

«Маҳз таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ пойдевори ин ваҳдатро устувор нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, мо, кормандони мақомоти адлия дар ин рӯзи таърихӣ, зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аҳду паймони касбии худро барои иҷрои содиқонаи вазифаҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва садоқати бепоён ба Ватану миллат устувор менамоем. Мо тамоми дониш, таҷриба ва маҳорати касбии худро барои он равона месозем, ки ин давлати маҳбуб ҳамеша ободу зебо ва фазои сулҳу ваҳдати он ҷовидон боқӣ бимонад»,-таъкид шуд дар ҷамъомад.

АКС: Вазорати адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид