Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 июни соли 2026 дар вилояти Суғд 6 миллиону 610 ҳазору 641 сар парранда мавҷуд буда, дар панҷ моҳи соли равон 352 миллиону 216,1 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Паррандапарвар-2017» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов таъсис ёфта, ба истеҳсоли тухми парранда нигаронида шудааст. Айни замон дар корхона беш аз 550 ҳазор сар парранда парвариш карда мешавад.
Тибқи маълумот, дар корхона ҳар рӯз то 350 ҳазор дона тухм истеҳсол шуда, ҳаҷми солонаи истеҳсолот беш аз 120 миллион донаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилии мамлакат пешниҳод шуда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳми назаррас мегузорад. Рушди соҳаи паррандапарварӣ дар вилояти Суғд тамоюли устувор касб намудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини пурраи бозори дохилӣ, афзоиши содироти маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бо дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи паррандапарварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда истеҳсолотро боз ҳам густариш диҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






