ДОДХОҲӢ БАРОИ РОБИАИ БАЛХӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ оид ба саҳми шоира дар рушди шеъри тоҷикӣ

Июнь 8, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Он чӣ дар навиштаи фишурда омадааст, аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Сарвари мамлакати мо аз ибтидои Истиқлолияти давлатӣ барои шоиста гардонидани мақому манзалати занону модарони мамлакат талошҳо варзида, имрӯз дар ин сатҳ комёб гаштаанд ва ибтикори минбаъдаашон аз зери чанги таърих муҷалло намудани чеҳраҳои саршиноси мондагори занон, ки дар айёми зисти хеш фардияти онҳо арҷгузорӣ нашуда буд, мебошад. Далели ин гуфтаҳо бо ибтикороти Ҳукумати Тоҷикистон дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.

Ин чакида фарогирии нуктаҳои саҳми сазовори як нафар зан дар рушди шеъри форсӣ, ки дар замони пурмоҷаро зисти кӯтоҳе доштааст, ақидаҳои баҳсбарангези зиндагии Робиа ва марги маҷбурӣ ва ифшои ишқи ӯ, ки муҷиби баҳсҳои зиёде гардидааст, саъй намудам, дифоъ аз ҳуқуқи як нафар зан намоям.

Шоире, ки дар мамлакати мо бо номи Робиаи Балхӣ машҳур аст ва дар бисёре аз осор бо ҳамон ном иброз шудааст, дар Қаздор ё Қасдор яке аз минтақаҳои марбут ба Балх таваллуд шудааст. Аз ин ҷост, ки дар баъзе сарчашмаҳо ӯро Робияи Қаздорӣ ҳам ном мебаранд. Лақаби «Магаси руин» ҳам ба Робиа марбут аст. Ӯ нахустин занест, ки дар рӯзгори Сомониён дар садаи даҳуми мелодӣ чакомаҳои дилангези худро сурудааст. Вай кӯтоҳ зист, зеро ба фармони бародараш Ҳорис кушта шуд. Аммо дар ин муддати кутоҳ, навоварӣ кард ва ба арӯз ва вазни шеъри форсии дарӣ ғановати хоса афзуд.

Ашъоре, ки аз шоир боқӣ мондааст, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки бар хилофи мавҷи мусаллати андешаҳои аксари замонҳо алайҳи зан, ҳузури зан дар ҳавзаи шеър ва адаб аз мард кам набудааст.

Аз ҷониби дигар, то ба замони мо марги Робиа боиси баҳси зиёде шудааст, марги ӯ ҳамчун яке аз қурбонии чеҳраҳои фарҳангии айёми мардсолорӣ ва талафоти бузурге аз бешуурии замонаш маҳсуб меёбад.

Марги Робиаро натиҷаи хашми бародараш Ҳорис бар ишқи ӯ гуфтаанд. Ишқ ба ғуломе, ки номаш Бектош буд. Он ғулом шуълае дар дили Робиа афканда буд. Ҳорис бо огоҳ шудан аз он ишқ, «номуси хешро осебдида» дарёфт ва раҳоӣ аз «нагунсории шарафи ҷароҳатдидаашро» дар қатли хоҳараш дарёфт ва барои иҷрои ин ният тадорук дид ва дар ниҳоят ӯро ба воситаи амалдорони худ дар ҳаммоме ба қатл расонд.

Бо вуҷуди он ки Робиа ҷазои он ишқро аз ҷониби бародараш Ҳорис дид, аммо баъзеҳо ишқи ӯро ба Бектош баҳонае барои ифшои ишқи маънавӣ тасвир карданд.

Ин аст, ки шеъри ошиқонаи Робиа бо гузашти садҳо сол тавҷеҳ ва тафсири орифона ёфт ва дар натиҷа садои ҳақиқии Робиа дар гулӯгоҳи шеъраш хомӯш монд.

Ҳангоми бознигарӣ ба зиндагии Робиа ва ривоятҳои мухталиф дар бораи рӯзгори ӯ дучори он ақидаҳо мегардем, ки маҳдудиятҳо ва вижагиҳои фарҳангии замони зисти шоир, шинохта намешаванд. Навиштаҳои марбут ба зиндагии Робиа аксаран фарогири натиҷагириҳои эҳсосӣ мебошанд, ки ба заминаҳои аслии марги ӯ таваҷҷуҳ нашудааст.

Дар заминаи бурузи истеъдоди ӯ низ бадлутфӣ шудааст. Натиҷаи дақиқи арзёбӣ аз ӯ, ки мусалламан заминаҳои мусоиди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва хонаводагӣ барои парвариши инсонҳо бидуни тафовут, ки мард аст ё зан, созгорӣ надоштааст. Аз ин ҷост, ки чунин баҳсҳои ноқис дар атрофи Робиа, ки як зан низ метавонад мисли мардон ҳатто дар сатҳи Рӯдакӣ шеър бисарояд, ба эътибор гирифта нашуда, таваҷҷуҳ ба зиндагии ӯ дар маҳдудият қарор гирифтааст.

Аммо имрӯз имкон фароҳам омада ва лозим аст, ки аз шарҳи ҳоли шоир раҳёфтҳои тоза ва мушкилкушо ба даст оянд. Бояд ба чуну чароҳо ҳам посух диҳанд, ки сарнавиштҳои дардоварро дар дили таърих ниҳодаанд. Он чӣ дар ин навишта омадааст, ёдоварии аҳамияти заминаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ барои рушди истеъдодҳо аст, чун масъала Робиа ва марги ӯ аст.

Дар ҳама корҳои пажуҳишӣ мафҳуми «нахустинҳо» ҳузур дорад. Ҳар вақте ки дар атрофи ниёгонамон, хоҳ дар мавзуи мустақил ва марказӣ ва ё ҳошиявӣ баҳс меравад, сухан дар атрофи нахустин шахсе гуфта мешавад, ки ибтикори офаринандагӣ ба уҳда доштааст, як навъ руҷуи таърихӣ ба мақсади дарёфти оғозгари ҳар ҳавзае аз риштаҳои мухталиф матраҳ мешавад.

Агар фақат шеъри форсиро дар назар гирем, суоли матраҳ ин аст, ки кӣ нахустин шеъри форсиро сурудааст?

Дар пайванд бо ин мавзуъ огоҳ ҳастем, ки баҳси дарёфти нахустин шеър ва шоири форсӣ ҳалли худро ёфтааст ва ин бешак Абуабдуллоҳи Рӯдакист.

Аз он ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвони «маликушуарро», «падар ва устоди шеъри форсӣ» ё «Одами шеъри форсӣ» номида мешавад, бар он асос аст, ки шеваи баён, ташбеҳот, ҳузури андеша ва тахайюли Рӯдакӣ аст, ки шеър ва мақомашро то сатҳи устод, падар ё «Одами башар»-и шеъри форсӣ боло бурдааст.

Аз ин ҷост, ки сарояндагони ашъори тоҷикӣ фақат мардон нестанд ва бо номҳои гиромии занони бешумор ошно ҳастем, суоле ба миён меояд, ки посухи асосёфтаро талаб менамояд ва бояд нишон диҳем, ки номи нахустин зане, ки шеъри форсиро сурудааст, кист?

Дар аксари осори марбут ба таърихи сароиши шеъри форсӣ, посух ба суоли аввалин зан-шоир, номи Робиаи Балхӣ бармеояд.

Шояд занони дигаре ҳам шеър сурудаанд, ки аз манзил ва ё аз сари гаҳвораи фарзандонашон берун нарафта ва ашъорашон аз байн рафтаанд, вале аз рӯи он чӣ ба мо расида ва дар ҷунгу сафинаҳо сабт шудааст, мепазирем, ки Робиа нахустин зан-шоирест, ки мисли Рӯдакӣ, бо чакомаҳои сухани пухта ва бо навоварӣ ва эҷодгарӣ дар ҳавзаи шеъри форсӣ муаррифӣ мешавад ва аз ин ҷост, ки мақомашро ба унвони сартоҷ, модар ва Ҳаввои шеъри тоҷикӣ мешиносем.

Нигоҳи жарфтар ба шеъраш менамоем, ки мақсад фақат муаррифии зебоиҳои дилнишини шеъраш нест, балки заминаҳои рӯиши гули шеърашро боз ёбем ва ин зарурат моро барои шинохти вазъи замонае, ки Робиаи Балхӣ дар дили он рушду намуъ ёфтааст, раҳнамоӣ мекунад.

Дар замоне, ки мардсолорист шаклгирии зеҳнияти шоиронаи як мард ҳеч як мушкилӣ ба вуҷуд намеорад, балки имконот ва заминаҳои мусоид барои такмили эҷод ва болоравии эътибораш фароҳам мешавад. Аммо сухан аз шеъри як зан меравад, таваққуф ба шеъри ӯ, вижагии дарёфти гузаштан аз маҳдудиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро талаб мекунад ва аҳамияти баррасии Робиаро меафзояд.

Шоирон дар дарбори Сомониён дар бистари заминаҳои мусоид, имкони рушд доштанд. Мардони шоир ба мақсади табодули назар ва хониши шеър аз имкони тамос бо ҳам, рафтуомадҳо бо ҳамдигар, баҳсу ҷадали шоирон дар дарбори шоҳ, баҳрамандиҳо аз дарёфти маош ва бахшишҳое, ки шоҳон ба онҳо медоданд, имкони сафар ва дар як ҷумла аз ҳамаи озодиҳо, ки рушди шеъри онҳоро фароҳам меовард, баҳравар буданд. Дар ҳоле ки Робиаи Балхӣ зан буд ва бори маҳрумият аз он имконотро бар дӯш ҳамл менамуд.

«Духтари Каъб, агарчи зан буд, аммо ба фазл бар мардони ҷаҳон механдид, форсӣ ба ҳар ду майдон ва волӣ ба ҳар ду баён, бар назми тозӣ қодир ва дар шеъри форсӣ бағоят моҳир ва бо ғоят закӣ хотир ва ҳадди пайваста ишқ бохтӣ ва шоҳидбозӣ кардӣ…» Ҳатто Муҳаммад Авфӣ дар васфи маъруфи хеш «…агарчи зан буд…» мегӯяд. Яъне ин суханҳо ба маънии як навъ беэътиқодӣ ба тавонмандии зан аст, ки аз маҳдудиятҳои иҷтимоии таърихӣ ва фарҳангӣ нашъат мегирад.

Дар ҳамин ҷо ҳамроҳ бо ишора ба он маҳдудият, гуфтанӣ ҳастем, ки имконоти мавҷуда дар замони муосир барои шоирҳои зан ниҳоят муяссар аст. Имрӯз шоирбонуҳои мо имкони сафар, иштирок дар форумҳои адабӣ, (дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ) фарогирии фанни шеър, иртибот бо ҷомеа, муроҷиат ба китобхонаҳо, ирсоли шеър ба устодон ба мақсади дарёфти роҳнамоӣ ва интишори шеър дар маҷаллаҳо, ҷароид, радио ва телевизион ва сомонаҳои интернетиро доранд. Ин заминаҳо ва имконот, фазои муносиберо барои нақлу сайқал ва дар ниҳоят рушди шеъри муосир фароҳам оварадаву теъдоди шоирони зан ниҳоят афзудааст.

Аммо Робиаи Балхӣ дар замони дигар ва дар манзилгоҳи зиндонгуна ва ҳисорҳое, ки аз маҳдудиятҳо ва душвориҳои бисёр барои духтарон вуҷуд дошт, шоир шуда ва фарёдҳои шоиронаи худро баланд намудааст.

Ҳарчанд замони Сомониён замони тиллогин дар густари иқтисодӣ, додуситоди тиҷоратӣ, рафтуомади мардум ва баҳрамандӣ аз афкор ва ақоидҳои юнонӣ, рушду намои тиб, нуҷум, меъморӣ ва мусиқӣ ва ғайра маҳсуб меёфт. Вуҷуди фазои сулҳомез ва амнияти зарурӣ ҳам барои омилҳои рушди умумӣ ва тавсеа мусоидат мекард ва бурузи Робиа низ маҳз дар ин замина мантиқӣ аст, чун баъди вафоти модараш падараш Каъб, ки яке аз ҳокимони Сомониён буд ва волии Каздор буд, бо баҳрамандӣ аз сиёсати илму адабпарваронаи Сомониён духтарашро ба некӯӣ парвариш кард, ки суханаш эътибори волое дар ҳавзаи шеъри форсӣ ёфт. Вале таассуфовар он аст, ки сурудаҳои ошиқонаи ӯ нанг дониста шуд ва ба марг ӯро қазоват намуданд. Ҳарчанд барои мард ҷоиз буд аз ишқи зан шеър хонад, вале барои ҳорисбаринҳо дар васфи ишқи инсонӣ ибрози ақида намудани зан нанг буд. Боз дертар аз ҷониби орифон бо беэътиноӣ ашъори ошиқонаи ӯро ишқи ирфонӣ унвон мекунанд ва байти зеринро далел меҳисобанд:

Туро ин бас набошад дар замона,
Ки ту ин корро бошӣ баҳона.

Хулоса, бурузи Робиаи Балхӣ дар замони беэътиноӣ нисбат ба тавонмандии зан ба амал омада, рӯзғор ва эҷоди ӯ саҳлу осон нагузаштааст, вале ӯ чун лоларухи сарвқомат алорағми нобаробариҳо байни занону мардон ва табъизҳои иҷтимоиву хонаводагӣ қад алам кардаасту даст аз эҷод накашидааст ва дар лаҳзаҳои вопасини ҳаёт ҳам ангушти худро аз рагдони хун ранг карда ба девори гармоба шеъри охирини хешро навишт ва ба ҳайси сартоҷи адабиёти форсӣ аз ҳисоби занон шинохта шуд. Баъди гузашти ҳазор сол ба ин чеҳраи фарҳангии миллати тоҷик Сарвари давлати мо тавонистанд, ки руҳи нав, ранги нав бахшанд ва барои таҷлили 1050- солагии ӯ дар минбари ҷаҳонӣ даъво намоянд, ин додхоҳии Пешвои миллат ба як зан ва ё ба як шоирзан нест, балки дифоъ аз кулли занону модарон аст, муқовимат аз ҳаргуна табъиз аст ва ин иқдом барои боз ҳам вижатар шудани ҷойгоҳи шоистагии занону бонувон аст, ки силсилаиқдомҳои Президенти ҷумҳурии мо дар ин самт беназир аст!

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли бодиринг барои танзими фишори хун дар организм кумак мерасонад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи мунтазами помидор хатари бемориҳои дил ва сактаи қалбро кам мекунад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ вохурӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли райҳон ба кадом бемориҳо фоида ва чӣ зарар дорад?
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ РУСӢ. Ба омӯзиши он дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ВАТАНДӮСТӢ: СЕ ҶАНБАИ КАЛИДИИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад