Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд

Июнь 11, 2026 09:34

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Мяхри Башимова ва Котиби Комиссияи миллии Туркманистон оид ба ЮНЕСКО Чинар Рустамова баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО)-ро баррасӣ карданд.

Изҳор гардид, ки Тоҷикистон ва Туркманистон иштирокчиёни фаъоли ҳамкории байналмилалӣ дар ҳифз ва таблиғи мероси фарҳангии ғайримоддӣ мебошанд. Ҷонибҳо аҳамияти тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи механизмҳои дахлдори ЮНЕСКО-ро таъкид карданд.

Мусоҳибон дар бораи имкониятҳои дастгирии мутақобила дар доираи Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо уҳдадории худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, тасдиқ карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Июнь 11, 2026 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард