Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 июн дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Риояи талаботи бехатарии саноатӣ ҳангоми гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъданӣ, ғайримаъданӣ ва маъмул, инчунин истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ ва бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъ» машварат баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд, ҳадаф аз баргузории машварат ин пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, таъмини риояи қонунгузорӣ дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин мебошад.
Иброз гардид, ки дар давоми солҳои 2020-2026 мутахассисони хадамот дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд, ки зиёда аз 30 санади меъёрии ҳуқуқии соҳавиро бо забони давлатӣ таҳия карда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гиранд. Аз ҷумла, қоидаҳои бехатарӣ, дастурамалҳо, меъёрҳо ва стандартҳои даврони шуравиро бо назардошти талаботи ҳозиразамон ва рушди технологияи муосир мутобиқ намуданд.
Инчунин дар ин давра аз тарафи кормандони хадамот «Дастурамали намунавӣ оид ба ташкили бехатарона гузаронидани корҳои оташӣ дар объектҳои хавфи таркишдошта ва таркишу сӯхтандошта», «Дастурҳои методӣ оид ба гузаронидани таҳлили хавфҳои иншооти истеҳсолии хатарнок», «Дастурамал дар бораи тартиби гузаронидани санҷиши дониши комиссияи доимоамалкунандаи ташкилотҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи қоидаҳои бехатарии саноатӣ», «Дастурамали намунавии техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи газҳои фишурда, моеъ ва ҳалшаванда дар корхонаҳои саноатӣ», «Дастурамали намунавӣ оид ба ҳифзи меҳнат барои танзимгарони нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории автомобилӣ» низ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар машварат масъалаҳои ҳодисаҳои нохуши рухдодаи бақайдгирифташуда дар семоҳаи дуюми соли 2026, санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавии бехатарии саноатӣ ва ҳуҷатгузории техникӣ дар корхонаҳои истихроҷкунандаи маъмул мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон масъалаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин дар конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул, риояи талабот ҳангоми гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар зуҳурот ва конҳои канданиҳои фоиданок, қоидаҳои бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ, ҳифзи меҳнат дар пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолот ва таъминоти маркшейдерӣ дар давраи истифода ба барҳамдиҳии конҳо муҳокима карда шуданд.
Инчунин мутахассисони соҳа ҳодисаҳои нохуше, ки дар 5 моҳи соли 2026 дар корхонаву объектҳои зериназоратии хадамот, аз ҷумла дар корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъдан, нуқтаҳои газпуркунӣ, базаҳои нигоҳдории гази моеъ, корхонаҳои масолеҳи сохтмон, саноати ангишт, соҳаи геологӣ, кимиё ва металургӣ, иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо ба қайд гирифта шудаанд, тариқи рӯнамо сабабҳояшро нишон доданд.
Ҳамчунин сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохушро дар бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объектҳои хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо объекти истеҳсолии хатарнок ва риоя накардани технологияи коркарди кон, надоштани мутахассисони соҳавӣ арзёбӣ карданд.
АКС: Маркази матбуоти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






