Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд

Июнь 14, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Шарора» ба фаъолият оғоз намуд. Имсол дар ин истироҳатгоҳ барои 720 нафар кӯдаку навраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ шароити   мусоид  муҳайё гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд.

Дар мавсими тобистонаи соли 2026 фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Шарора» дар 4 баст (давра) ба роҳ монда шуда, дар ҳар баст 180 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамзамон дар басти якуми истироҳатгоҳ,  дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин қариб 50 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.

Ба истироҳатгоҳ,  пеш аз ҳама кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин хонандагони фаъол, ғолибони олимпиадаҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сафарбар карда мешаванд. Синну соли кӯдакони фарогирифташуда аз 7 то 14- сола муайян гардидааст.

Дар истироҳатгоҳи «Шарора» барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ муҳайё гардида, онҳо метавонанд дар муҳити солим ва бехатар истироҳат намуда, вақти худро самаранок сипарӣ намоянд.

Яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти таътили тобистона- ин истироҳатгоҳҳои таълимӣ ва фароғатӣ мебошанд. Ин истироҳатгоҳҳо, ки дар муҳити табиии сабзу хуррам ва дур аз шаҳрҳо ҷойгир шудаанд, на танҳо фазои орому осуда барои истироҳат, балки шароити мусоид барои машғулияти таълимӣ ва варзишӣ низ фароҳам меоранд. Хонандагон дар ин ҷо метавонанд ба бозиҳои варзишӣ машғул шаванд, дар маҳфилҳои эҷодӣ иштирок кунанд ва саёҳатҳои омӯзиширо таҷриба намоянд.

АКС: шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Июнь 14, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид