ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ

Июнь 17, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо як падидаи сиёсӣ ва санади ҳуқуқӣ, балки эҳёи таърихии субъективияти сиёсии миллат пас аз ҳазорсолаҳо мебошад. Ин ҳолат дар заминаи назарияҳои сиёсии таърихӣ, зарурати таҳлили маҷмуии ин падидаро бо назардошти омилҳои тағйирпазири сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пеш меорад.

— Дар назарияи классикии давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ (суверенитет) ҳамчун шакли олии ҳокимияти сиёсӣ баррасӣ мешавад. Мутафаккири фаронсавии замони эҳё, асосгузори «назарияи истиқлолият» Жан Боден соҳибихтиёриро ҳамчун «ҳокимияти мутлақ ва доимии давлат» таъриф медиҳад. Рушди ин андеша дар фалсафаи Георг Гегел низ дида мешавад, ки давлатро шакли олии «руҳи объективӣ» ва истиқлолияти онро ифодаи худшиносии таърихии миллат медонист.

Агар дар назарияи классикии ғарбӣ истиқлолият ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (ҳокимияти мутлақ ва суверенитет) фаҳмида шавад, пас дар анъанаи тоҷику форс он бештар дар шакли фалсафӣ-ахлоқӣ — назарияи «адолати давлатдорӣ» зуҳур намудааст. Агар Абунаср Форобӣ истиқлолиятро «қобилияти давлат барои идоракунии худ бар асоси ақл ва адолат» фаҳмида бошад, Низомулмулк онро «истиқлолият ҳамчун суботи давлат», Абуалӣ ибни Сино «қобилияти ҷомеа барои худтанзимкунӣ ва мустақилияти сохтории иҷтимоӣ», Ҷалолуддини Румӣ «худшиносӣ, озодӣ ва мустақилияти шахсият» тафсир намудаанд. Дар шароити муосир маҳз ҳамин заминаҳои маънавии таърихӣ ба ташаккул ва таҳкими минбаъдаи истиқлолияти давлатии миллати тоҷик мусоидат намуда истодаанд.

Ҳамин тавр, аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ мафҳуми «истиқлолият» асосан дар самтҳои: волоияти ҳокимияти давлатӣ ҳудуди давлат; маркази ягонаи қабули қарорҳои ва ҳатм будани онҳо барои тамоми субъектҳо; мустақилияти ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ: мавҷудияти захираҳои иқтисодӣ ва низомӣ барои таҳким ва пойдории он шарҳ дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин се паҳлуи асосии истиқлолият (дохилӣ, берунӣ ва функсионалӣ) дар як низоми ба ҳам алоқаманд ва дар шакли афзоянда (динамикӣ) амалӣ мегарданд. Аз як тараф, давлати Тоҷикистон тавонист афзалияти ҳокимияташро дар дохил тавассути таҳкими институтҳои давлатӣ, волоияти қонун, нигоҳдории суботи сиёсӣ таъмин намояд ва ин равиш ба устувории идоракунии иҷтимоӣ замина гузошт. Аз тарафи дигар, мустақилияти берунӣ дар сиёсати «дарҳои кушода» ва мувозинати манфиатҳои геополитикӣ ҷойгир кунонида шуд.

Ин воқеият ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар шароити фишорҳои глобалии муосир мавқеи мустақил нигоҳ дорад. Ҳамзамон самти сеюм ин қобилияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ аст, ки бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва пешбурди саноатикунонии мамлакат зоҳир мешавад. Маҳз ҳамгироии ин унсурҳо нишон медиҳад, ки истиқлолияти Тоҷикистон на танҳо як мақоми ҳуқуқӣ, балки раванди доимии тақвияти иқтидори сиёсии давлат ва мутобиқшавӣ ба чолишҳои дохилӣ ва мураккаби байналмилалӣ мебошад.

Иқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳосили мантиқии равандҳои геополитикии охири солҳои 80 ва ибтидои 90-уми асри 20 гардид. Эълони рӯзи истиқлолият (9 сентябри соли 1991) ҳанӯз ба маънои том таъмини воқеии истиқлолият набуд. Барои ба даст овардани соҳибихтиёрии воқеӣ лозим буд, ки бо паси сар намудани мушкилоти зиёд ҳокимият барқарор, низоми нави идоракунӣ, артиши миллӣ ва низоми молиявӣ ва дигар фаъолиятҳои сиёсӣ аз сифр бунёд карда шавад.

Дар ин раванд қабули Конститутсия марҳилаи калидии институтсионализатсияи истиқлолият гардид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз механизми легитим будани ҳокимият ва тақсими онро муайян намуда, заминаи суботи сиёсиро фароҳам овард. Дар асоси моддаи якум «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Ин ҷо мафҳуми «соҳибихтиёр» дар садри сифатҳои давлат меистад, ки ин мундариҷаи аслии сиёсии давлатдориро ифода мекунад.

Дар ин байн нуқтаи гардишии таърихӣ барои барқарории давлатдорӣ — ин даъвати Иҷлосияи XVI-ум Шурои Олӣ (соли 1992 дар Хуҷанд) буд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия роҳбари нави сиёсӣ интихоб гардида, тавонист, ки ҳокимияти парокандаро сарҷамъ кунад. Шиори таърихии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи буҳронии истиқлол «Ман ба Шумо сулҳ меорам…» на танҳо як изҳороти сиёсӣ, балки иттиҳоди иродаи давлатӣ ва иҷтимоии миллат барои ҳифз ва бозсозии истиқлолият дар шароити хатари фурӯпошии давлатдорӣ буд.

Ин формулаи сиёсӣ, дар заминаи ҷанги шаҳрвандӣ ба сифати рамзии сафарбаркунии шуури ҷамъиятӣ амал намуда, раванди гузариш аз парокандагии сиёсӣ ба муттаҳидии миллӣ ва эҳёи давлатдориро таъмин кард. Аз ин рӯ, дар таҳлили илмии давлати муосири Тоҷикистон нақши Пешвои миллат ҳамчун субъекти калидии бозсозии сохторҳои давлатӣ ва меъмори сулҳу ваҳдат хусусияти марказӣ касб менамояд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) заминаи ба ваҳдат омадани ҷомеаи тоҷикро фароҳам овард. Имрӯз ваҳдати миллӣ на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки як категорияи фалсафӣ ва ахлоқии ҷомеаи тоҷик мебошад, ки бе он истиқлолият пойдор буда наметавонад.

Таҳти роҳбарии Пешвои миллат татбиқи стратегии сиёсати «дарҳои боз» ва идеологияи ваҳдати миллӣ на танҳо устувории дохилиро таъмин намуд, балки заминаи воридшавии мамлакат ба низоми муносибатҳои байналмилалии муосирро фароҳам овард. Дар чорчӯби назарияи Энтони Гидденс, ин равандро метавон ҳамчун зуҳури «рефлексивияти модернитет» арзёбӣ кард, ки дар он субъект (роҳбар) бо такя ба таҷрибаи гузашта, воқеияти буҳрониро бозандешӣ намуда, стратегияи нави рушди сиёсӣ-иҷтимоиро тарҳрезӣ ва амалӣ месозад.

Дар доираи стратегияи рушди давлат барои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва бақои давлат чор ҳадафи стратегӣ муайян шудаанд, ки онҳо на танҳо барномаи рушд, балки консепсияи таҳкими «ҷисм» ва «руҳ»-и давлатдории миллӣ мебошанд. Онҳо мундариҷаи моддии соҳибихтиёриро ташкил дода, истиқлолияти сиёсиро аз шакли назариявӣ дар шакли амалӣ гузаронида истодаанд. Дар ин ҷо ёдоварӣ бояд кард, ки яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҳанӯз дар бунбаст қарор доштани минтақаҳои мамлакат, таъмин набудани рафтуомади доимиии шаҳрвандон бо пойтахт- шаҳри Душанбе ва дигар омилҳои иқтисодӣ буданд, ки дар маҷмӯ таъсири худро ба истиқлоли давлатӣ расонданд. Бо назардошти омилҳои мавҷудбуда, Ҳукумати мамлакат аз оғози ҳазорсолаи нав стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи дарозмуддат қабул намуда, татбиқи босамари марҳилаҳои миёнамуҳлати он то имрӯз бо маром идома дорад. Ҳадафҳои стратегии давлат пеш аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ нигаронида шуданд.

1.Истиқлолияти энергетикӣ: Бе таъмини қувваи барқ истиқлолияти сиёсӣ заиф мебошад. Аз нигоҳи фалсафаи сиёсӣ, барқ — ин «хуни» иқтисодиёт ва шарти аввалиндараҷаи озодӣ мебошад. Бе истиқлолияти энергетикӣ давлат дар ҳолати вобастагии «онтологӣ» аз берун қарор мегирад. Бунёди неругоҳҳои зиёди обии барқӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо иншооти техникӣ, балки «Лоиҳаи миллии худшиносӣ» буда, рамзи иродаи сиёсии миллати тоҷикро ба ҷаҳониён нишон дода истодааст. Давлат қодир аст захираҳои табиии худро ба манфиати амнияти миллӣ сафарбар намояд ва чун кафолати фаъолияти низомҳои иттилоотӣ, саноатӣ ва иҷтимоӣ, «нур» ва «неру» пояи асосии соҳибихтиёриро ташкил медиҳанд. Дар даҳсолаи охири даврони соҳибистиқлоли «ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат 7 миллиард киловатт-соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт-соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 расонида шуд».

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ: Дар ин самт Тоҷикистони дар «бунбасти табиӣ» қарор дошт ва ҳоло аз ин вазъ бо сохтмони нақбҳо, роҳҳу пулҳои байналмилалӣ баромада, бо ҷаҳони васеъ пайваст шуда истодааст. Баромадан аз бунбаст ягонагии ҳудудии мамлакатро ба таври физикӣ ва рамзӣ таъмин менамояд.

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ: Амнияти озуқаворӣ заминаи биологии истиқлолият мебошад. Ин ҳадаф ифодаи консепсияи «шартномаи иҷтимоӣ» аст, яъне давлат уҳдадории иҷтимоии худро таъмин мекунад. Аз лиҳози сиёсӣ агар давлат аз воридоти маҳсулоти стратегӣ (орд, гандум, умуман сабади истеъмолии аҳолӣ) аз берун вобастагӣ дошта бошад, ба сиёсат давлат фишанги фишор пурзур мегардад. Аз ин лиҳоз, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ вазифаи навбати аввал буда, ин «дифои иҷтимоӣ» аз таъсири тағйирёбии нархҳо ва буҳронҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҳадаф истиқлолиятро дар сатҳи ҳар як хонавода воқеӣ мегардонад. Таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ вобастагии давлатро аз берун коҳиш медиҳад.

Саноатикунонии босуръат: Ин ҳадаф дар пояи иқтидори мавҷудаи табиии мамлакат таҳрезӣ гардида, раванди гузариш аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ сурат мебахшад, аз меҳнати ҷисмонӣ ба меҳнати зеҳнӣ ва технологӣ буда, тарзи ҳастии ҷомеа ва ҳаёти онро тағйир медиҳад. Саноатикунонӣ иқтидори миллии истеҳсолиро дорад ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон аз истеъмолкунандаи моли хориҷӣ ба истеҳсолкунанда ва содиркунандаи моли ватанӣ табдил меёбад. Саноатикунонӣ кафолати пайдошавии шуғли аҳолӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад

Ҳамин тариқ, ҳадафҳои стратегӣ дар маҷмуъ «низоми масунияти давлат»-ро ташкил дода, бо амалӣ шудани онҳо Тоҷикистон ба як «субъекти тавонои таърихӣ» табдил меёбад. Нишондиҳандаҳои то имрӯзаи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ баёнгари он мебошанд, ки мамлакат марҳилаҳои вазнини бунёди давлатдори миллиро паси сар намуда, ба марҳилаи сифатан нави рушди худ ворид шуда истодааст.

Дар шароити муосир, ки ҷаҳонро хатарҳои глобалӣ, равандҳои «бетартибии муташаккил», бархурди манфиатҳои геополитикӣ ва ҷангҳои насли панҷум (ҷангҳои гибридӣ) фаро гирифтаанд, нақши роҳбарияти сиёсӣ дар ҳифзи истиқлолият аз доираи муқаррарии идоракунӣ берун рафта, ба як рисолати таърихӣ-наҷотбахш табдил ёфтааст. Имрӯз истиқлолият на танҳо ҳифзи марзу бум, балки фазои маънавӣ ва иттилоотии ҷумҳурӣ аз таҳдидҳои бегона низ мебошад.

Дар ин замина, сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули «масунияти мафкуравӣ» эътироф бояд намуд. Яке аз бузургтарин хизматҳо дар ин самт ин эҳёи таърихи миллат ҷашнҳои миллӣ (Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон), арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва шахсиятҳои таърихӣ (Кӯруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Мавлоно ва ғайра) мебошад, ки ин халои маънавиро бо арзишҳои миллӣ пур намуд. Ин сиёсат ба миллат «масунияти мафкуравӣ» бахшид, ки дар натиҷа ҷавонон дар муқобили тарғиботи экстремистӣ-терррористӣ устувории равонӣ пайдо намудаанд.

Дар сатҳи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Баргузории чорабинии сатҳи байналмилалии дар пойтахти ҷумҳурӣ ба монанди платформаи доимии «Раванди оби Душанбе», ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу ҳифзи пиряхҳо зери унвони «Дипломатияи об» мавқеи ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуда, баёнгари давлати мо ба сифати субъекти фаъоли сиёсати ҷаҳонӣ мебошад.

Хулоса, Истиқлоли давлатӣ имконияти ба таври мустақил андеша ва таҳрезӣ намудани рушди дарозмудати давлати нави миллии Тоҷикистон бо мазмуни том доданд. Муҳимтарин натиҷа дар ду даҳсолаи охири он ба «кишвари воҳид» мубадал гадиданди давлат ва хатарҳои дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба онҳо дучоршуда, пурра аз байн бардошта шуданд. Дар меҳвари ин раванд мактаби бузурги давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Амид КОМИЛБЕК,
ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Дар Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» қабул шудааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Олуча меваи шифобахш ва ғизои витаминнок дониста мешавад
Нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсон чӣ таъсир дорад?
Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёбад
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ