Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд

Июнь 15, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба ноҳия Ёвон расид. Гурӯҳи ташвиқотию тарғиботӣ бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва имкониятҳои истеҳсолии корхонаи «Моҳирсемент» шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.

Ҳайати корвони «Навои модарони ваҳдатсаро»-ро раиси ноҳия Икромиддин Вализода истиқбол гирифта, бо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шинос намуд. Корхонаи истеҳсолии «Моҳирсемент» дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ саҳми назаррас дорад. Айни замон дар корхона зиёда аз 70 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар бахшҳои гуногуни истеҳсолот фаъолият менамоянд. Ҷалби занону духтарон ба кор барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Ба иттилои масъулин, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз ба 30 ҳазор халта семент мерасад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ интиқол дода шуда, дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ истифода мегардад.

Модарони ваҳдатсаро бо шароити кории коргарон шинос шуда, аз истифодаи технологияҳои муосир ва саҳми корхона дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолияти онро дар рушди саноати миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Гуфта шуд, ки дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, чунин иқдомҳо барои рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҳамчунин дар ин рӯз гурӯҳи мазкур бо шароити хизмати сарбозону афсарон дар қисмии низомии дар ноҳия буда, шинос шуданд. Бо сарбозону афсарон суҳбати самимӣ доир шуда, моҳияти афзалияти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат оид ба фароҳам овардани шароити муосири хизмат барои сарбозону афсарони содиқи Ватан фаҳмонида шуд.

Бо такя ба шароити мусоид афсарону сарбозон, ки ҷавонони ғаюру ватандӯсти мамлакат дониста мешаванд, сарбаландона адои қарзи шаҳрвандӣ менамоянд ва дидорбинию мулоқот бо онҳо ҳамчун тадбири ҳавасмандгардонӣ низ пайваста амалӣ мешаванд.

Инчунин ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати милӣ ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» иштирок намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Июнь 15, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд