Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдате, ки халқи моро шод ва мулки моро обод кард» ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ хабар доданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки «Ваҳдати миллӣ, воқеан дастоварди беназири миллати тоҷик аст, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муяссар гардидааст. Маҳз дар партави сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат кулли соҳаҳои иқтисоди мамлакат рушд намуда, Тоҷикистон ба давлати ташаббускор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид».
Гуфта шуд, ки таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Тоҷикистон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро ин иди сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ аст. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам амалишавии орзую манфиатҳои шахсии ӯ фақат дар сурати сулҳу ваҳдат имконпазир мебошад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки ваҳдати миллиро онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






