МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе кишоварзону ҳунармандони шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Қубодиён ва Рӯдакӣ маҳсули дасти хешро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳангии ноҳияи Қубодиён ва дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ ва дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шуруъ аз 6 июни соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад.
Ин чорабинии фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.
Ташкилкунандагон таъкид менамоянд, ки ҳадафи асосии ин ташаббус танҳо баргузории чорабиниҳои идона набуда, балки таҳкими фазои ягонаи фарҳангии мамлакат мебошад. Барои сокинони пойтахт ин имконияти мусоид аст, то бо фарҳангу суннатҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд. Инчунин барои муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, санъат ва соҳибкорӣ фурсати муносиб мебошад.
Дар ин рӯзҳо меҳмонон метавонанд намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои ороишӣ-амалӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои суннатии минтақаҳоро тамошо намоянд. Инчунин бо маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллии минтақаҳо ошно шаванд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз соати 16:00 оғоз мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






