Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Июнь 17, 2026 16:46

ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июни соли 2026, тахминан соати 10:40 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд Крузер-200», рангаш сафед, рақами қайди давлатиаш 287 TJ, Сино Муборакшоев бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,  дар киллометри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншооти муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер мекунад ва ба дарёи Панҷ сарозер мешавад.

Муайян карда шуд, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, ёрдамчии раиси вилоят Садоншо Ҷанобилшоев, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.

Аз ҷойи ҳодиса як адад рақами қайди давлатии 287 TJ ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт пайдо карда шуд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар шахсони масъул дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 17, 2026 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид