Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум дар хусуси таъсиси парки муштараки саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони саноати Тоҷикистон ва Эрон дар ҳошияи ҷаласаи 4-уми вазирони саноати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар мулоқот бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсеаи ҳамкориро дар соҳаи саноат муҳокима намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳамкории саноатии Тоҷикистон ва Эрон ба марҳилаи сифатан нав — аз тиҷорати анъанавӣ то истеҳсолоти амиқ ва ҳамгироии технологӣ ворид мешавад. Дар доираи Нақшаи амали ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2027, самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси кластерҳои нассоҷӣ дар асоси ашёи хоми пахтаи Тоҷикистон бо технологияи Эрон, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи металлургия ва коркарди маъдан, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, дорусозӣ ва биотехнология, масолеҳи сохтмонӣ, инчунин саноати кимиё, инчунин коркарди ангишт баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон рушди инфрасохтори логистикӣ, инчунин дурнамои истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии саноатро таъкид намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид






