Нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсон чӣ таъсир дорад?
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тобистон ҳарорати ҳаво баланд гардида, зуд вайрон гаштани баъзе аз маҳсулоти хӯрока хавфи зиёдшавии бемориҳои дарунравиро меафзояд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо нурҳои ултрабунафш баланд гардида, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Гармии зиёди ҳаво боиси авҷи дигар бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои камхунӣ, сактаи дил, дарди гулӯ, бемориҳои пӯст, меъдаву рӯда ва офтобзадагӣ низ мегардад. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Бемориҳои дилу рагҳои хунгард
Дар гармии ҳаво тапиши дил зиёд шуда, фишори хун баланд мешавад. Инчунин организм дар ҳавои баланд бе об мешавад. Дар ин ҳолат хун ғафс гашта, гардиши он мушкил мегардад. Ин ҳолат боиси беҳушшавӣ, сактаи дил ва фалаҷ гашта метавонад. Аз ин рӯ, чунин нафарон дар айни гармии ҳаво аз соати 11 то 16 беҳуда аз хона набароянд ва дар зери нурҳои сӯзони Офтоб гаштугузор накунанд. Инчунин дар ҳавои гарм зиёд кор ва ҳаракати ҷисмонӣ кардан тавсия дода намешавад. Аз истеъмоли хӯрокҳои серравған худдорӣ намуда, бештар об ва шарбатҳои мевагӣ нӯшидан муфид аст.
Бештари инсонҳо дар ҳавои гарм дар оби сард оббозӣ мекунанд. Нафароне, ки ба бемории дилу раг гирифторанд, дар вақти оббозӣ эҳтиёт намоянд, зеро оби сард рагҳои хунгардро танг месозад.
Офтобзадагӣ ё гармозадагӣ
Яке аз бемориҳои маъмули аз таъсири нурҳои ултробунафш ба амал меояд, ин офтобзадагӣ мебошад. Офтобзадагӣ махсусан барои кӯдакони хурдсол, шахсони калонсол, одамони фарбеҳ ва шахсоне, ки бемориҳои кӯҳнашуда доранд, хатарнок мебошад. Нишонаҳои аввалини офтобзадагӣ дарди сар, беҳолию бемадорӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, табларза ва дилбеҳузурию қайъкунист.
Мутахассисон ин бемориро ба ду гурӯҳ ҷудо намудаанд. Якум, аз гармии Офтоб ва дуввум аз дигар гармиҳо, ки гармозадагӣ ва офтобзадагӣ мегӯянд.
Офтобзадагӣ беморие мебошад, ки аз таъсири зиёди нурҳои ултрабунафш ба вуҷуд меояд. Намуди дигарро гармозадагӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ба амал меояд. Яъне, дар ин маврид таъсири бевоситаи нурҳои ултрабунафш дида намешавад. Танҳо ҳарорати бадани одам баланд мегардад.
Дарунравӣ «диарея»
Бо фарорасии фасли тобистон бемории мавсимии дарунравӣ (диарея) меафзояд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллион кӯдаки синнашон то 5 — сола аз дарунравӣ мефавтанд.
Дар ҷумҳурии мо низ дар ин фасл байни калонсолон ва хӯрдсолон афзоиши гирифторӣ ба бемории дарунравӣ ба мушоҳида мерасад.
Омили асосии дарунравӣ ин микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Микробҳо асосан аз риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст мебошад.
Бояд хотиррасон намуд, ки истеъмоли ғизо ҷисми моро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарур таъмин мекунад. Инчунин дар баъзе ҳолатҳо ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот низ метавонад сабабгори пайдо шудани дарунравӣ гардад.
Беморҳои пӯст
Таъсири дурударози нурҳои ултрабунафши Офтоб сабабгори бармаҳал пир шудани пӯсти рӯй мегардад. Намнокии пӯст кам шуда, дар натиҷа пӯст тароваташро гум мекунад. Аз ҳамин сабаб баъди дурудароз дар зери нурҳои Офтоб қарор доштан дар рӯй ожанг пайдо мешавад.
Бештар дар зери офтоб қарор доштан боиси сӯхтани пӯст ва пайдоиши доғҳои пигментӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, мутахассисон дар айни гармии ҳаво, аз соати 11 то 16 дар берун истоданро тавсия намедиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон






