Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

Июнь 20, 2026 09:23

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда, суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии аҳолӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг, ки ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба таври идона ороста шудааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.

Дар оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалингро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тармиму навсозии бинои маъмурии фурудгоҳ дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия ба хотири ободии Ватан ва мунтазам беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ анҷом дода шудааст.

Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва унсурҳои миллӣ бунёд гардида, дар он барои кормандону мутахассисон шароити мусоиди корӣ фароҳам аст.

Бинои маъмурии фурудгоҳ аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои интизорӣ, ҷаласа ва қабулу гусели мусофирон инчунин меҳмонхона иборат буда, инфрасохтори он барои хизматрасонӣ ба мусофирон мувофиқ гардонида шудааст.

Зимни боздид аз шароити кории бинои Фурудгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро дар амалигардонии тадбирҳои ободонӣ ва созандаи кишвар шоистаи таҳсин хонданд.

Таъкид гардид, ки ин лоиҳаро метавон ҳамчун намуна бо такмили иловагӣ дар бунёди фурудгоҳҳои маҳаллии дигар шаҳру ноҳияҳо истифода кард.

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ифтитоҳи бинои маъмурии Фурудгоҳи Ховалинг 20.06.2026

Июнь 20, 2026 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд