Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд

Июнь 10, 2026 19:00

РАШТ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби сербориш омадани баҳори имсола дар роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии минтақаи Рашт офатҳои табиӣ зиёд ба қайд гирифта шуданд. Дар 5 моҳи соли равон дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт ва роҳи Лабиҷар Сангвор зиёда аз 56 тармаи хурду бузург ва селу ярч фаромад, ки сари вақт бартараф карда шуданд.

Тибқи иттилои масъулини Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Рашт, айни замон корҳои бартарафсозии оқибати офати табии селу Ярч дар километрҳои 141+500 роҳи байналмилалии Ваҳдат — Рашт — Лахш — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 11 майи соли равон бо баландии миёнаи то 4 метр ва дарозии 400 метр омада буд, корҳои бартарфсозӣ ба воситаи техникаҳои калонҳаҷми Вазорати нақлиёт идома дошта, рӯзҳои наздик ин қитъаи роҳ кушода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 11 май баъди боридани жола ва борони пуршиддат дар чандин мавзеъҳои роҳҳои минтақаи Рашт селҳои хурду калон омад, ки кори роҳдорони минтақаи Раштро мушкил намуд. Хушбахтона, бо ёрии техника ва механизмҳои дар минтақа мавҷудбудаи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашти Вазорати нақлиёт аксарияти селҳои омада то 11-15 май бартараф карда шуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид