ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои мамлакат омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 27 ва 30 июн дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби боридани борон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.
Инчунин 29 ва 30 июн дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби шидданокии вазиши шамол аз самти минтақаҳои ҷанубӣ ба амал омадани хокбориш пешгӯӣ мешавад.
Дар натиҷаи хокбориш ва чангу ғубор эҳтимолияти паст шудани ҳавои атмосферӣ бо баланд шудани моддаҳои муаллақ (чангу ғубор), аз ҷумла заррачаҳои андозаашон то 10 мкр (PM₁₀) ва то 2,5 мкр (РМ₂) дар назар аст.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешида, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Сокинон қабл аз боридани борон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна санг, хасу хошок тоза кунанд, то оби сел роҳи гузаштан дошта бошад ва ба ҳавлию қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад. Ба ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёткор бошанд, суръати ҳаракатро паст намуда, аз таваққуф дар мавзеъҳои хавфи ярч ва сел худдорӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






