«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ». Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Июнь 20, 2026 10:10

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози чорабинӣ меҳмонон намоиши ҳунарҳои дастӣ ва дастовардҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро тамошо намуда, ба маҳорату малака ва завқи ҳунармандони мардумӣ ва онҳое, ки барои ноил гардидан ба ин дастоварҳо саҳм гузоштаанд, баҳои баланд доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният ва ташаккули мақоми қонунгузор дар мамлакат» маъруза намуда, саҳми Пешвои миллатро дар бунёди низоми муосири давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.

Тазаккур дода шуд, ки қабули қонунҳои муҳим ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдории навини тоҷикон маҳз дар фазои сулҳу субот имконпазир гардид.

Ба таъкиди Файзалӣ Идизода, нақши Пешвои миллат дар таҳкими сохти конститутсионӣ назаррас мебошад. Таъмини сулҳу амният шарти асосии пешрафти ҷомеа ва татбиқи ислоҳоти муҳим дар кишвар аст. Мавсуф аз зарурати таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ ёдовар шуд.

Дар идома раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси давлатдорӣ ва рушди устувори давлат» маъруза карда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз ваҳдати миллӣ заминаи асосии пойдории давлат ва кафили адолату қонуният мебошад.

«Дар шароити ҷаҳони муосир ҳифзи суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои рушди устувори ҳар давлат аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Таҳкими адолати иҷтимоӣ ва эҳтиром ба қонун аз омилҳои муҳими нигоҳдории ваҳдат мебошад»,- афзуд Рустам Мирзозода.

Номбурда ҳамчунин нақши мақомоти судиро дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муҳим арзёбӣ кард. Ваҳдат ва қонуният ду пояи устувори давлатдории миллӣ мебошанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки сиёсати сулҳофаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз барои ҳифзи субот ва таъмини рушди устувори кишвар аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад.

«Сулҳу ваҳдат ҳамчун неъмати бебаҳои миллӣ маҳз бо ҷоннисорӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ба даст омадааст. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудааст. Ҳифзи ин дастоварди бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, ба сулҳу субот ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бояд арҷ гузошт», — афзуд Рудобаи Мукаррам.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни маъруза дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – намунаи барҷастаи сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон» иброз дошт, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи нодири сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои муттаҳид сохтани ҷомеа ва барқарор намудани эътимоди мардум замина фароҳам овард.

«Ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки омили муҳими рушди фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа низ мебошад. Ҷавонон бояд ин таҷрибаи таърихиро омӯзанд ва дар ҳифзи он саҳмгузор бошанд», — таъкид кард ӯ.

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода дар мавзуи «Ваҳдат – меҳвари ҳамбастагӣ ва шукуфоии кишвар» маъруза намуда, ваҳдати миллиро омили муҳими пешрафти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги кишвар дар заминаи сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омадааст. Ваҳдат имрӯз барои рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва густариши имкониятҳои иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Таҳкими ҳамбастагӣ дар ҷомеа барои муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир аҳаммияти хос дорад.

Дар бахши музокира дигар иштирокдорон аз рӯзҳои сарнавиштсози таърихӣ ёдовар шуда, нақши Пешвои миллатро дар барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ бо мисолҳои мушаххас шарҳ доданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлол буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Иштирокдорон баргузории чунин чорабиниҳоро барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Июнь 20, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 4700 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт