Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд

Июнь 20, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Шехмизон ташриф оварда, Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Бинои осоишгоҳ аз 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва расмкашӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад.

Дар ҳавлии осоишгоҳ ду ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои футболу волейбол ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардидааст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, омӯзиш ва фароғати ятимону маъюбон мусоидат менамояд. Инчунин дар масоҳати 40 садяк замин гармхона ташкил шудааст.

Дар Осоишгоҳ барои ятимону маъюбон 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Бунёди чунин муассисаи иҷтимоӣ намунаи равшани татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, таълиму тарбия, нигоҳубин ва фароғати ятимону маъюбон заминаи хуб фароҳам меорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи иҷтимоӣ шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ ва сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Ба масъулони осоишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ, муҳайё намудани шароити муносиби тарбия, таъмини нигоҳубини ҳамаҷониба ва зоҳир намудани ғамхории доимӣ нисбат ба ятимону маъюбон тавсияҳо дода шуд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки истифодаи дуруст ва босамари ин иншооти хуштарҳи замонавӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллию ҷумҳуриявии соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.

Ифтитоҳи Осоишгоҳ барои ятимону маъюбон дар деҳаи Шехмизони ноҳияи Ховалинг 20.06.2026

Июнь 20, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд