Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»

Июнь 23, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 / АМИТ «Ховар»/. Ҷомеае, ки дар он Ваҳдати миллӣ пойдор ва устувор аст, ҳамеша тавоноии ҳифзи истиқлолият, таъмини амният ва таҳкими иқтидори мудофиавии худро дорад. Тоҷикистон низ баъди солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ба шарофати сулҳу оштӣ ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ тавонист роҳи рушди устуворро интихоб намуда, ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил ба марҳилаи нави давлатсозӣ ворид гардад. Ин матлабро Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд,номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори адлия Наврӯз Тоҳирзода дар мақолааш, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардидааст, баён доштааст.Дар зер матни пурраи мақола пешниҳод мегардад.

— Имрӯз аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 29 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат Ватани мо аз як мамлакати аз низоъ зарардида, ба давлати орому босубот ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Дар ин раванд Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳким ёфта, дар заминаи ваҳдати миллӣ, эҳёи арзишҳои давлатдории миллӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди пуриқтидор ва боэътимоди ҳифзи амният мубаддал гардидааст.

Ваҳдати миллӣ танҳо рукни муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нест, балки асоси мустаҳками фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад. Барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар мақомоти низомӣ, ки вазифаи муқаддаси ҳифзи тамомияти арзӣ, суботи конститутсионӣ ва амнияти шаҳрвандонро иҷро менамоянд, ҳамбастагӣ ва ягонагии миллӣ омили калидии иҷрои самараноки рисолати хизматии онҳо мебошад. Маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат сохторҳои мудофиавӣ метавонанд неру ва иқтидори худро барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам тақвият бахшанд.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, Ваҳдати миллӣ заминаест, ки мавқеи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таҳким мебахшад. Қувваҳои Мусаллаҳ, ки зодаи ин муҳити қонунсолор аст, бо такя ба ваҳдат метавонад фаъолияти худро дар асоси интизоми қонунӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқу миллат ба роҳ монад.

Таърихи ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1993) бо марҳилаҳои хеле душвор алоқаманд аст. Ҷанги дохилӣ таъсири ҷиддӣ ба ин раванд гузошт. Танҳо баъд аз имзои Созишномаи сулҳ ва оғози давраи Ваҳдати миллӣ буд, ки имкони ташкили як низоми мутамарказ ва касбии ҳарбӣ ба миён омад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ таҳкими иқтидори мудофиавиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ донистанд, бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаашон тавонистанд Қувваҳои Мусаллаҳро на танҳо ҳамчун як ниҳоди муҳофизатӣ, балки ҳамчун рамзи ваҳдат, ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ табдил диҳанд.

Бартарии асосии Қувваҳои Мусаллаҳи имрӯза дар он аст, ки онҳо зодаи шароити сулҳу ваҳдатанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи ҷавонони мамлакат новобаста аз маҳал, забон, минтақа ва эътиқод дар зери як Парчам, як Суруди миллӣ ва як Конститутсия хизмати ҳарбиро адо менамоянд.

Афсарону сарбозон имрӯз на танҳо ҳамчун муҳофизони марзу буми ҷумҳурӣ, балки ҳамчун ҳомиёни Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои мардум шинохта мешаванд. Ҳар як афсару сарбоз медонад, ки хидмат ба Ватан ин пеш аз ҳама хидмат ба пояҳои давлатдорӣ, истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии мамлакат мебошад.

Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки барои рушди ҳамаҷонибаи Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла дар ин давра ба масъалаи таълими кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои ҳарбии дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти омодагии ҷисмонӣ ва маънавии сарбозон, ҷорӣ намудани технология ва таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, мутобиқсозии низоми мудофиавии ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалӣ диққати махсус дода шуд.

Ҷаҳони муосир дар шароити тағйирёбии босуръати сиёсӣ, геополитикӣ ва технологӣ рӯ ба рӯи таҳдидҳои рӯзмарра ва печида қарор дорад. Дар маркази ин хатарҳо зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароии динӣ ва сиёсӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, киберҷинояткорӣ ва таблиғоти идеологии хавфнок қарор доранд. Ҳар кадоме аз ин падидаҳо на танҳо як масъалаи амнияти дохилӣ, балки таҳдид ба пояҳои давлатдорӣ, суботи иҷтимоӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошанд.

Дар чунин шароит, Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як сипари идеологӣ ва равонӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Зеро танҳо дар фазои иттифоқ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои умумимиллӣ ва иродаи ягонаи сиёсӣ мешавад ба чунин таҳдидҳои зиёдарафта ва печида муқовимат кард.

Аз ҷониби дигар, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии пайвастаи Сарвари давлат ва муҳити солими Ваҳдати миллӣ рӯ ба рушду такмил ниҳодаанд, имрӯз ба як ниҳоди қобили эътимод мубаддал гардидаанд. Қувваҳои Мусаллаҳ бе Ваҳдати миллӣ наметавонад неруи муҳофизи давлатӣ бошад. Ваҳдати миллӣ на танҳо арзиши таърихӣ, балки зарурати стратегӣ барои амнияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст. Маҳз ба шарофати он, Қувваҳои Мусаллаҳи мо қодир аст, ки бо масъулият, омодагӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ хизмат намояд.

Дар робита ба ҷойгоҳ ва аҳамияти сулҳу ваҳдат дар ҳаёти ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар намудаанд: «Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад».

То даме ки Ваҳдати миллӣ чун сутуни устувори давлатдорӣ пойдор мемонад, Тоҷикистони азиз амну ором ва неруманд хоҳад буд. Зеро ваҳдат на танҳо як дастоварди таърихӣ, балки пояи асосии суботи сиёсӣ, ягонагии мардум ва таҳкими давлатдорист. Маҳз Ваҳдати миллӣ аст, ки миллати моро дар рӯзҳои вазнини таърихӣ сарҷамъ кард, роҳи нобудиро ба самти созандагӣ табдил бахшид ва ба халқи мо иродаи устувор, руҳи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ бахшид.

Аз ҷониби дигар, то замоне ки Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди истиқлол ва рамзи неруи дифоии мамлакат пайваста рушд мекунад, неру мегирад ва бо руҳи ватандорӣ ва касбияти баланд амал мекунад, марзи муқаддаси Ватан аз ҳар гуна таҷовузу таҳдид эмин хоҳад монд. Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ кафили амният ва устувории давлат аст. Фарзандони содиқи Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо бо силоҳ нест, ки марзу буми давлатро ҳифз мекунанд онҳо бо маърифати сиёсӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ, итоат ба қонун ва арҷгузорӣ ба Ваҳдати миллӣ аз Ватан дифоъ мекунанд.

Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт кормандони Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд пайваста дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои низомӣ вохӯриву суҳбатҳо баргузор намуда, аҳамияти сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва садоқат ба Ватанро байни афсарону сарбозон тарғиб менамоянд.

Ҳамзамон онҳо зимни баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва ҳуқуқӣ хизматчиёни ҳарбиро ба эҳтироми қонун, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва масъулияти баланд дар иҷрои қарзи ҳарбӣ ҳидоят мекунанд. Ин фаъолияти пайваста ба таҳкими руҳияи ватандӯстӣ, интизоми ҳарбӣ ва омодагии хизматчиён барои ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат ва бо саъю кӯшиши муштараки тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти Прокуратураи ҳарбӣ, метавон амнияту суботи ҷомеаро таҳким бахшида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намуд ва барои наслҳои оянда давлати ободу пешрафта ва нерумандро ба мерос гузошт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТОБОДИ НУСРАТБАҲОР. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби тарбуз 90-95 фоиз об ва витаминҳои муҳим мавҷуд аст
Дар фасли тобистон чӣ гуна ташнагиро бе зарар расондан ба саломатӣ рафъ созем?
Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
Барои мардуми тоҷик аз қадим василаи муҳими ҳамзистӣ, ҳамдилию фарзонагӣ эътироф меёфт. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ