РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Дар Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» қабул шудааст
ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Биёбоншавӣ ва хушксолӣ мушкилоти башарият буда, оқибати он барои ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон таъсири ҷиддӣ дорад. Ҳалли ин мушкилот амали муштараки ҷомеаи ҷаҳонро тақозо менамояд. Муҳимияти ин масъаларо ба инобат гирифта, моҳи декабри соли 1994 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 17 июнро Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ (World Day to Combat Desertification and Drought) эълон намуд.
Ҳадафи эълони ин сана огоҳ кардани ҷомеаи ҷаҳон оид ба хатари биёбоншавӣ ва хушксолӣ, муаррифии роҳҳои ҳалли пешгирии таназзули замин ва муттаҳид намудани кӯшишҳои байналмилалӣ дар самти барқарорсозии заминҳо арзёбӣ мегардад.
Айни замон наздик ба 40 фоизи масоҳати кураи Заминро биёбонҳо, хусусан биёбонҳои бузург, ба мисли Саҳрои Кабир дар Африқо, биёбони Арабӣ дар Шарқи Наздик, Гобӣ дар Осиё –Чин ва Муғулистон, Калахарӣ дар ҷануби Африқо, Викторияи Бузург дар ҷануби Австралия ва Қароқум дар Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд.
Тоҷикистон соли 1997 ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ шомил шуд
Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ аз тамоми давлатҳое, ки ба он шомиланд, тақозо менамояд, ки нақшаҳои амали миллии дурнамои худро оид ба идоракунии устувори захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама, истифодабарии замин, ҷангал, об ва олами ҳайвонот барои рушди устувор таҳия намоянд ва амалишавии онро таҳти назорат қарор диҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ 12 августи соли 1997 шомил гардида, соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» -ро қабул намуд.
Роҳҳои эмин нигоҳ доштани замин аз биёбоншавӣ
Роҳҳои эмин нигоҳ доштани замин аз биёбоншавӣ ба таҳия ва доир намудани як қатор тадбирҳо марбут аст. Аз ҷумла, таҳия ва татбиқи чорабиниҳо барои пешгирии бодхӯрӣ дар заминҳои обӣ ва лалмӣ, усулҳои нави паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ, таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати шӯрзаминҳо, танзими чаронидани чорво дар чарогоҳҳои зимистона ва қисман тобистона бо мақсади пешгирии таназзули замин, бунёди боғҳо дар кӯҳдоманҳо, васеъ намудани майдони боғҳо бо мақсади пешгирии бодхӯрии заминҳо, азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди ҷангалзор, бунёд намудани минтақаҳои муҳофизатӣ дар шафати шоҳроҳҳо ва гирду атрофи заминҳои кишоварзӣ, аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо мебошанд.
Барқарорсозии заминҳои таназзулёфта иқтисодиёти ҷаҳонро устувор месозад
СММ бо эълони Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ аз давлатҳои ҷаҳон тақозо менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷомеа оид ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ, инчунин иҷрои Конвенсия дар бораи мубориза бар зидди биёбоншавӣ тадбирҳои муҳим андешанд.
Пешгирӣ, коҳиш ва барҳам додани талафоти заминҳои ҳосилхезу экосистемаҳои табиӣ ҳоло вазифаи таъхирнопазир ва муҳим барои ҳар як сокини Замин буда, барои таъмини дарозумрии одамон ва сайёра нақши калидӣ мебозад. Инчунин барқарорсозии заминҳои таназзулёфта иқтисодиёти ҷаҳонро устувор месозад, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад, даромадҳо ва амнияти озуқавориро беҳтар менамояд. Ба ин васила ба барқароршавии мавҷудоди гуногунии биологӣ мусоидат мекунад.
Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон дар мубориза бар зидди биёбоншавӣ
Дар ҷумҳурӣ дар дигар самтҳо низ, аз ҷумла бодхӯрӣ дар заминҳои обӣ ва лалмӣ, усулҳои нави паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ, беҳтар намудани ҳолати шӯрзаминҳо, танзими чаронидани чорво дар чарогоҳҳои зимистона ва қисман тобистона алайҳи биёбоншавӣ ва хушксолӣ тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда мешаванд.
Қабули Барномаи давлатии кабудизоркунӣ
Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмини устувории иқтисоди миллӣ ва ҷомеа ба таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим соли 2019 «Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030» ва соли 2025 Нақшаи амали онро барои давраи солҳои 2025 – 2027 қабул намуд. Ҳамзамон Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва қабул намуд, ки самтҳои асосии рушди устувори ҷомеаро барои танзими тавозуни табиӣ, коҳиши ҳаҷми газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба раванди тағйирёбии иқлим, беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, муҳайё намудани шароити муҳити зисти солим, таъмини нигоҳдорӣ ва идоракунии устувори ландшафтҳои табиӣ, ташаккулдиҳии захираҳои гуногунии биологӣ, инчунин барои гузариши ҷумҳурӣ ба иқтисодиёти «сабз»-ро муайян менамояд.
То соли 2040 дар Тоҷикистон 2 миллиард бех дарахт шинонида мешавад
Барнома ба нигоҳдории вазъи муътадили ҳавои атмосфера ва тавозуни табиии устувор, инчунин танзими асосҳои экологӣ, иқтисодӣ ва идоракунии самарабахши кабудизоркунӣ равона гардидааст. Дар асоси нақшаи амали «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» дар се соли аввал дар масоҳати 2180 гектар ниҳолхонаҳо ташкил ва шинонидану парвариши 2 миллиард бех дарахту буттаҳо дар давраи то соли 2040 таъмин карда мешавад.
Тибқи маълумот, соли 2025 дар доираи татбиқи барнома аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 3 миллиону 100 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Мубориза бар зидди биёбоншавӣ амали дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонро тақозо менамояд
Дар шароити пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, роҳбарони давлатҳо, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва олимони соҳаро зарур аст, ки ба ин масъалаи глобалӣ – мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ бештар аҳамият диҳанд. Дар ин самт ҳамкории байналмилалию минтақавиро тақвият дода, таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ, хушксолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зеро мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ амали дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонро тақозо менамояд
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар
АКС аз манбаъҳои боз








ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Олуча меваи шифобахш ва ғизои витаминнок дониста мешавад
Нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсон чӣ таъсир дорад?
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд






