РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 июн Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар эълон гардидааст. 27 сол муқаддам, дар ин рӯз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд, ки тӯли ин солҳо рисолати худро дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди хатари ҷиддии глобалӣ – нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо самаранок иҷро менамояд.
«Таъсиси Агентӣ ба афзоиши бесобиқаи ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар мамлакат мусоидат намуда, миллионҳо нафар дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз нашъамандӣ наҷот ёфта, ҷиноятҳои сершумори вобаста ба маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд»,-изҳор гардид дар ҷаласа.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти агентӣ дар давраи сипаригардида ҷамъбаст гардида, оид ба дастовардҳо дар самти муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори кадрии мақомот ибрози назар гардид.
Директори агентӣ Зафар Самад ба ҳайати шахсӣ барои хизмати содиқона, маҳорати баланди касбӣ, садоқат ба касб ва саҳми арзандаашон дар таъмини амнияти давлат ва ҷомеа изҳори сипос намуд.
Дар ҷамъомад ба як қатор кормандони фаъол мукофотҳои соҳавӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






