Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Июнь 26, 2026 20:00

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти унвони «Роҳбарии занон» Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар кори форум аз Тоҷикистон Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум дар доираи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2026 баргузор гардид.

Зимни форум масъалаҳои таҳкими нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, иштироки онҳо дар қабули қарорҳо, рушди соҳибкории занон, таъмини баробарии гендерӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ баррасӣ гардид.

Барномаи форум аз се ҷаласаи асосӣ иборат буда, мавзуъҳои «Роҳбарии занон: нақши занон дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ», «Нақши занон дар рушди иқтисодӣ» ва инчунин муҳокимаи роҳҳои тавсеаи ҳуқуқу имконияти занонро фаро мегирад.

Форуми занони Созмони ҳакории Шанхай ба таҳкими ҳамкории кишварҳои узви созмон дар самти баланд бардоштани мақоми занон ва рушди устувор мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки форум аз соли 2018 инҷониб мунтазам баргузор шуда, ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳияи равишҳои мувофиқашуда барои рушди ҳуқуқ ва озодиҳои занон пешбинӣ гардидадааст.

Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай 27 июн ҷамъбаст мегардад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2026 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад