Роҳи мошингарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор баъд аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Чимтеппа-Шарора-Ҳисор бо дарозии 8,5 километр пурра таъмир гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, ин роҳ солҳо боз таъмир нагардида, боиси мушкилии ҳаракати воситаҳои нақлиёт гардида буд. Баъди таъмир он ба як масири муосиру ҳамвор табдил ёфтааст.
Таъмиру таҷдиди пурраи роҳи мошингард ҳамчун як роҳи муҳими алтернативӣ барои ворид гардидан ба пойтахт ва шаҳру навоҳии водии Ҳисор имкон дод, ки шиддати танбашавии воситаҳои нақлиёти боркаш дар шоҳроҳи асосӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, раванди боркашонию мусофиркашонӣ ва робитаи тиҷоратии байни минтақаҳо боз ҳам хубтар гардад.
Лоиҳа бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо ҷалби фаъоли соҳибкорони маҳаллӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шафати роҳ, инчунин корхонаи роҳсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Русбахт» амалӣ карда шуд. Ин ҳамкории судманди давлат ва бахши хусусӣ имкон дод, ки корҳои роҳсозӣ бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад.
Аз ин баъд сокинони Ҷамоати деҳоти Шарора, Дурбат ва Ҳисор имкон доранд дар роҳи ҳамвору бехатар ҳаракат кунанд. Ин тадбир имкон фароҳам овард, ки роҳи байни пойтахт ба самти Қалъаи Ҳисор боз ҳам наздиктару дастрас гардад ва ҷараёни ташрифи сайёҳони хориҷиро ба ин ёдгории бостонии ватанӣ ба таври назаррас афзун намояд. Ҳамзамон корхонаҳои саноатии шафати роҳ низ, барои интиқоли борҳои худ имконияти хубтар пайдо карданд.
Ин лоиҳа бартариятҳои зиёд дошта, қадами муҳиме дар роҳи беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётии атрофи пойтахт ва шаҳри Ҳисор гардид. Зеро бунёду навсозии чунин масирҳои алтернативӣ дар оянда низ ба коҳиши танбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои марказии пойтахт ва суръатбахшии боркашонию мусофиркашонӣ дар водии Ҳисор мусоидат менамояд.
Дар маросими ба истифода додани роҳ намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинони шаҳр иброз доштанд, ки ин ташаббус на танҳо мушкили равуоро осон кард, балки ба симои деҳот ҳусни нав бахшид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






