Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода якҷо бо корпуси дипломатӣ, роҳбарони сохторҳои давлатии Амрико ва аҳолӣ дар маросими ҷашни таърихии 250-солагии истиқлоли Амрико ва ифтитоҳи Намоишгоҳи бузурги иёлатӣ таҳти унвони «Амрико баргашт (America is back)» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.
Чорабинӣ 24 июн дар майдони миллии «National Mall»-и шаҳри Вашингтон бо иштирок ва суханронии Президенти ИМА Доналд Трамп баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ намоишҳои ватандӯстона, парвози ҳавопаймоҳои низомӣ ва сурудҳои миллӣ пешниҳод гардиданд.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп оғози Намоишгоҳи бузурги иёлатиро (The Great American State Fair) ҳамчун рамзи озодӣ, қудрат, ваҳдат ва дастовардҳои бузурги миллӣ барои 16-рӯзи минбаъда (аз 24 июн то 10 июли соли 2026) бахшида ба 250-солагии истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расман эълон намуд, ки дар ҷараёни он дастовардҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва технологии ҳамаи иёлоти Амрико дар ин давра намоиш дода мешаванд.
Дар доираи чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳбарияти якчанд сохтори давлатии Амрико ва ҳайати дипломатии кишварҳои хориҷӣ вохӯриҳои кутоҳи сарироҳӣ гузаронида, дурнамои рушди муносибатҳои дутарафаро баррасӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи Истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 4 июл мебошад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






