Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории судманд бо Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» дар таҳкими эътимоди ҷомеаи байналмилалии молиявӣ ба иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Ин матлаб дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо ноиби Президенти гурӯҳи тиҷоратӣ ва роҳбари намояндагии Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s Ratings» дар Осиёи Марказӣ Алма Карабасова, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории мутақобила, арзёбии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва вазъи кунунии бахши молиявии ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.
Дар идома аз ҷониби ноиби Президенти гурӯҳи тиҷоратӣ ва роҳбари намояндагии «Moody’s Ratings» дар Осиёи Марказӣ Алма Карабасова дар мавзуи методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла аз рӯйи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, суботи институтсионалӣ ва хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои ғайричашмдошт, инчунин оид ба фаъолияти ширкат, фарогирии хизматрасониҳои он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти баҳогузории қарзӣ рӯнамоии муфассал манзури ҳозирин гардонида шуд.
Гуфта шуд, ки «Moody’s» ба ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ доираи васеи хизматрасониҳои рейтингӣ ва таҳлилӣ пешниҳод намуда, дар таҳкими шаффофият, идоракунии хавфҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши молиявӣ саҳм мегузорад.
Дар мулоқот роҳбарони сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба маводи рӯнамоишуда ва самтҳои алоҳидаи муайянкунии нишондиҳандаҳои рейтингӣ андешаҳои худро баён намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад






