Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд

Июнь 23, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб, ҳамчунин, барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд.

Зимни муаррифи лоиҳаи сохтмони корхона иттилоъ дода шуд, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар масоҳати 16 га корхонаи нави истеҳсоли сементро дар муддати 17 моҳ сохта ва ба истифода диҳад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда дар як сол 1,2 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.

Дар рафти ба амал баровардани корҳои сохтмонӣ беш аз 1100 сокини маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, пас аз ба истифода додани корхона бошад, зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешаванд.

Бунёди ин корхона низ дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ хоҳад гашт.

Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ муосир буда, дар раванди истеҳсолот қоидаҳои экологӣ ва бехатарии муҳити зист таъмин карда мешаванд.

Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхонаи дуюм ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Тоҷик мебошад.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳо ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмони ду корхонаи калони истеҳсоли семент Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои ҳамовозӣ ба сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят намуданд.

Оғози бунёди Корхонаи дуюми истеҳсоли семент дар деҳаи Харангон 23.06.2026

Июнь 23, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад