Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад

Июнь 11, 2026 10:06

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн ҳайати роҳбарии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти таълимӣ, шароити таҳсил ва имконияти моддиву техникӣ дар синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои компютерӣ, китобхона, марказҳои таълимӣ ва дигар инфрасохтори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» шинос гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд, ба ҳайат оид ба фаъолияти муассиса, татбиқи барномаҳои таълимӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи омор, технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёт, шароити таълиму таҳсил барои донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин дастовардҳои донишҷӯёну омӯзгорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ба ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ёдоварӣ карда шуд ва нақши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар таъмини бозори меҳнат бо мутахассисони рақобатпазир муҳим арзёбӣ гардид.

Ба роҳбарияти муассиса ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани омӯзиши фанҳои тахассусӣ, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки ташкили чунин шиносоиҳо ва вохӯриҳо бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар доираи тақвияти ҳамкории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» дар рушди низоми омодасозии кадрҳои соҳаи омор аҳаммияти муҳим дорад.

АКС: Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Июнь 11, 2026 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд