Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

Июнь 9, 2026 15:35

ВАҲДАТ,09.06.2026/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Меҳрбахши Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат нуқтаи оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Сокинони деҳаи Меҳрбахш солҳо боз аз нарасидани оби нӯшокӣ мушкилӣ мекашиданд. Хушбахтона, бо ташаббуси шахсони саховатпеша ва бо саҳми сокинон аз чуқурии 175 метр об бароварда шуда, сокинони зиёда аз 270 хоҷагии деҳаи Меҳрбахш бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат Умед Муродзода иброз намуд, ки сокинону соҳибкорони деҳаи Меҳрбахш дар баробари кандани чоҳҳои амудӣ, инчунин бинои маркази саломатии деҳаи Меҳрбахшро бунёд намуданд, ки он дар арафаи анҷомёбист. Ин маркази саломатӣ барои 12 ҳазор аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

Ҳамчунин дар ин ҷамоат то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ симчӯбҳои чӯбини хатҳои барқро бо симчӯбҳои бетонӣ иваз намуда, роҳҳои дохили деҳаро пурра мумфарш менамоянд.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов бунёд ва ба истифода додани 70 иншоот мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз бо нақшаи иловагӣ 72 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоат бештар мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ҷараён дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 9, 2026 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд