ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 июн, чоршанбе, 161-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 10, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 2021 дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ — бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Узбекистон» бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдоми саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи ҳукуматҳои ду ҷумҳурӣ  бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ омодагии мамлакатҳоро барои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба иброз дошта, масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори саноат, кашф ва истихроҷи маъданҳо, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар самтҳои иқтисодӣ баррасӣ намуданд.

***

10 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти Сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

***

10 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао дар шаҳри Тошканд бо ҳам мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки сармоягузории Аврупо ташриф оварда, бо Президенти он Филипп Мейштадт мулоқот намуданд. Дар ҷараёни суҳбат Филипп Мейштадт иброз намуд, ки Бонки сармоягузории Аврупо омода аст барои рушди босуръати иқтисоди миллии Тоҷикистон кумак намояд.

10 ИЮН:

Рӯзи ҷаҳонии яхмос

***

Рӯзи ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ

***

Рӯзи байналмилалии муколамаи тамаддунҳо

***

Дар Молдава — Рӯзи сарҳадчиён.

РӮЙДОДҲО:

10 июни соли 2022 дар Қасри Таврический- қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми байнипарлумонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Парламенти ҷавон – назаре ба ояндаи Иттиҳод» баргузор гардид.  Дар радифи дигар давлатҳои пешрафта дар ҳамоиш як зумра ҷавонони лаёқатманди  Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

 10 июни соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид.

***

10 июни соли 2013 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» баррасӣ шуд.

***

10 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Латвия баргузор гардид. Дар  маросими ифтитоҳи расмии  он  Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сухан карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1847 аввалин шумораи рӯзномаи «Минбари Чикаго» («Чикаго трибюн») нашр шуд.

***

10 июни соли 1907 дар Чин сабқати мошинҳои Пекин — Париж оғоз гардида буд, ки 13 000 километр дарозӣ дошт.

***

10 июни соли 1934 дастаи миллии Италия дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон Чехословакияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид.

***

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази Бунёди «Русский мир» кушода шуд.

***

Соли 1793 Вашингтон пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд.

Июнь 10, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш