ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 июн, шанбе, 164-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 13, 2026 08:00

13 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

***

13 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, шаҳри Кӯлоб ва нимаи дуюми ҳамон рӯз ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон  сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни сохтмони хонаҳои нав ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиии шаби 6 ба 7 майи соли 2010  баамаломада аз наздик шинос шуданд.

***

13 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Бундестаги (парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Германия, ки бо роҳбарии  Дагмор Энекелман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Германия дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

13 ИЮН:

Рӯзи байналмилалии паҳн намудани маълумот дар бораи албинизм.

 РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2016 зимни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷихан Султоноғлу масъалаҳои вақт ва дурнамои  ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфуз баррасӣ гардиданд.

***

 13 июни соли 1951 Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

***

13 июни соли 2008 Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷиикстон 5 миллион доллар грант ҷудо намуд.

***

13 июни соли 2010 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоиш-ярмаркаи байналмилалии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

13 июни соли 2017 дар шаҳри Пекин маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Конго баргузор гардид.

***

13 июни соли 1878 дар Берлин Анҷумани асосии давлатҳои аврупоӣ барои азназаргузаронии амалигардии шартномаи сулҳи Сан-Стефанско байни Туркия ва Русия таъсис дода шудааст.

***

 13 июни соли 1958  Чин реактори ҳастаии таҷрибавии худро ба даст овард.

***

 Соли 2007 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуд.

***

Соли 1895 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар Фаронса мусобиқаи мошинронӣ баргузор гардид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ато Ҳамдам — соли 1948 — Нависандаи халқии Тоҷикистон

Июнь 13, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш