Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагони Бонки исломии рушд доир шуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба самтҳои гуногуни татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо дастгирии Бонки исломии рушд амалӣ мегардад, баррасӣ гардид.
Иброз гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа дастгирии рушди захираҳои инсонӣ, таъмини шуғли устувор ва таҳкими низоми таҳсилоти касбӣ дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ буда, лоиҳа ба рушди инфрасохтор ва иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дастгирии ҷавонону занон дар самти касбомӯзӣ, омӯзиши малакаҳои меҳнатии замонавӣ, такмили барномаҳои таълимӣ, омодасозии омӯзгорон ва рушди соҳибкорӣ равона гардидааст.
Тазаккур дода шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии иқтисод малакаҳои касбӣ ба унсури муҳими рақобатпазирӣ табдил ёфта, ҷавонон бояд ба сатҳи байналмилалии меҳнат омода гарданд. Аз ин рӯ, лоиҳа ба рушди қобилияти мутобиқшавии ҷавонон ва омодасозии онҳо ба фаъолияти касбӣ дар муҳити муосир аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа таҳияи стандартҳои салоҳият, барномаҳои таълимӣ ва модулҳои таълимӣ дар панҷ самти афзалиятнок — кишоварзӣ ва саноати хӯрока, меъморӣ, технологияи автоматикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва бизнеси меҳмонхонавӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин ба роҳ мондани таҳсилоти фосилавӣ, барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону устоҳои таълимӣ, ворид намудани омӯзиши малакаҳои нарм, барномарезӣ ва соҳибкории иҷтимоӣ ҳамчун ҷузъи муҳими мазмуни таҳсилот аз хусусиятҳои муҳими лоиҳа арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҳамсуҳбатон омодагии худро барои густариши ҳамкории минбаъда ва татбиқи самараноки лоиҳа изҳор намуда, таъкид карданд, ки татбиқи чунин ташаббусҳо барои рушди сармояи инсонӣ, таҳкими иқтидори касбии ҷавонон ва пешрафти устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






