Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи аввали фасли тобистон — июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар Тоҷикистон аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлим баландтар пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво то 45 дараҷа гарм шуда, ҳавои ин моҳ ба соли 2014 монандӣ дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 32 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 25 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ рӯзҳои алоҳида то 43+45 дараҷа гарм мешавад.
Моҳи июн дар вилояти Суғд ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 29 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 18 гармиро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 15 то 26 ва рӯзона аз 27 то 40 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ боронҳои кӯтоҳмуддати шиддатнокиашон гуногун ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво 16+23 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона то 19 ва рӯзона то 31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёр, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво то 11 дараҷа гарм мешавад.
АКС: Dushanbe-travel








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






