Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дод

Июнь 27, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ аз арзишҳои муқаддас ва бунёдии давлату миллати тоҷик маҳсуб ёфта, дар таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоӣ нақши бузург дорад. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мақолаи мудири кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ёрмуҳаммад  Ниёзӣ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол шудааст, пешниҳод мегардад.   

Заминаҳои геосиёсии ваҳдат 

Масъалаи ваҳдат ва ваҳдати миллӣ феномени гуногунҷанба буда, аз нигоҳи ҷомеашиносӣ дар ҳамбастагии ҳамагуна ҷомеаҳо нақши меҳвариро мебозад. Дар раванди бархӯрдҳои геосиёсии имрӯза, ки ҷаҳон аз сохтори якқутба ба сохтори бисёрқутба дар ҳоли шаклгирӣ мебошад, дар фаҳмиши консептуалии ин мафҳум бо назардошти консепсияҳои гуногуни он, зарурати бознигарӣ бо дарки воқеиятҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пеш омадааст.

Маҳз чунин масъалагузории стратегӣ аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои доимӣ бо мардуми ҷумҳурӣ матраҳ мешавад. Аз ҷумла, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум таъкид намуданд: «мушкилоти глобалӣ ва мухолифатҳои геосиёсӣ аз ҷумла муборизаи давлатҳои абарқудрат барои аз нав тақсим кардани дунё, сарватҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард» ва дар натиҷа халалдор гардидани тартиботи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ метавонад ба аҳли башар ва хусусан, барои давлатҳои хурд ва рӯ ба инкишоф пайомадҳои нохуш ва хатарнок ба бор оварад.

Вазъи баамаломада моро вазифадор месозад, ки боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем…»

Агар консепсияи ваҳдат дар ду даҳаи охири асри XX моро ба мавҷи раванди ҷаҳонишавӣ ҳамоҳанг мекард ва сохторҳои сиёсию иҷтимоии моро дар меъёрҳою арзишҳои якқутбӣ фаро мехонд, дар даҳаи дуюми асри XXI мо тамоюли баракси онро мушоҳида мекунем. Шаклгирии ҷаҳони бисёрқутба мушкилоту пайомадҳои сангинтареро ба миён овардааст, ки ин равандро печидатар ва бозиҳои пасипардагии онро бо «қонунҳои нонавишта» пиёда месозад. Дар ин ҳол, дар фаҳмиши консептуалии ваҳдат низ вижагиҳо ва хусусиятҳои нав бо дарназардошти меъёрҳо ва арзишҳои ваҳдатофарин ба миён омадаанд, ки таҳлили навро тақозо доранд.

Таҳдидҳои муосир ва нақши расонаҳо дар заиф кардани ваҳдат 

Чи тавре ки дар масъалагузории Пешвои миллат иброз  шудааст, вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ «барои давлатҳои хурд ва рӯ ба инкишоф пайомадҳои нохуш ва хатарнок ба бор меоварад». Авҷ гирифтани бархӯрдҳои минтақавӣ кишварҳои дар ҳоли рушдро ҳам дар дохил ва ҳам аз берун зери фишор қарор дода, манбаъҳои зиддият ва ихтилофҳоро метезонад.

Яке аз сарчашмаҳои асосии чунин низоъҳо дар замони муосир, бархӯрдҳо дар фазои маҷозӣ мебошад. Нисбат ба асрҳои гузашта, имрӯз низоъҳо бештар аз роҳи расонаҳои хабарӣ, маҳз аз роҳи шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои иттилоърасонӣ бо ҳамдастии институтҳо ва марказҳои роҳбурдӣ (стратегӣ) маншаъ мегиранд. Ин марказҳо ба ҳодисаю падидаҳои ҷаҳони имрӯза манфиатҳои хоси худро мепӯшонанд, то ифодагари ҳадафҳо ва хостаҳояшонро сурат ва суръат бахшанд.

Чунин суратгирӣ ва фиребандагии воқеиятҳои маҷозию истиории воқеаҳо моро водор месозад, ки таъкиди доимии Пешвои миллатро дар хусуси «зиракии сиёсиро аз даст надиҳем» пеши назар оварем. Воқеан, ин дастури меъмори Ваҳдати миллӣ моро бедортару ҳушёртар менамояд, то ба ҳарфу ҷаззобияти дурӯғпарокании душманони миллат ва бозингарони худбохтаи дохилӣ фирефта нагардем. Мо бояд тамоми афкору пайкори худро мавриди санҷиши амиқ қарор диҳем, то дар тасмимгириҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба иштибоҳ рӯ ба рӯ нашавем.

Буҳрони ҳувият ва сабақҳои таърихии ҷанги шаҳрвандӣ 

Гарчанде бавуҷудоварандаи ваҳдати як ҷомеа вазифаи ҳамагуна низомҳои сиёсӣ мебошад, аммо дар раванди зудтағйирёбандаи таҳаввули ҷомеаҳои муосир, ин масъала ниёз ба баррасии доимӣ дорад. Албатта, унсурҳои ваҳдатофаринӣ дар тӯли таърих ба шаклҳои гуногун вуҷуд доштанд, аммо вобаста ба мавқеи геосиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ масъалагузориҳо фарқ мекарданд.

Тақсимоти идеологию тамаддунии садсолаи охир, ки омили бавуҷудоварандаи давлатҳои имрӯзаи мо мебошанд, танҳо манфиатҳои геосиёсиро ба ҳисоб гирифта буд. Дар ин замина, дастгоҳҳои идеологии бозингарони фароминтақавӣ бо ривоятсозии таърихнигорони худ ва сохтани ҳувияти таҳрифӣ манфиатҳои худро пиёда сохтанд, ки дар натиҷа таърихи гузаштаи сиёсию фарҳангии мо то ба имрӯз дар баъзе ҷанбаҳо норӯшан боқӣ мондааст.

Доштани чунин мушкилоти ҳувиятию идеологӣ яке аз омилҳои пош хӯрдани назми садсолаи ҷаҳонии дуқутба гардид. Имрӯз барои миллатҳои бузурги мутамаддини гузашта фурсат ва имконияте фароҳам омадааст, то нисбат ба тамоми арзишҳои гузаштаи худ, ки дар қаринаи идеологияҳои бегона ва муҳоҷим шакл гирифта буданд, бознигарӣ ва худсозию худофаринӣ намоянд.

Ҳамзамон бояд эътироф кард, ки яке аз заминаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии мо низ дар мушкилоти ҳувиятӣ дар қаринаи худшиносӣ ва азхудбегонагӣ нуҳуфта буд. Ин омил ҷомеаи тоҷикро ба ду сангар ҷудо намуда, дар муқобили ҳам қарор дод ва оташи ихтилофро барангехт. Бозингарони минтақавию байналмилалӣ бо истифода аз ривоятсозии таърихнигорони таҳрифгар ва расонаҳои дурӯғпарокан ҳадафҳои нопоки худро пиёда сохта, манфиатҳои худро ба даст оварданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вазъияти фоҷиаборро чунин баёни воқеӣ намуданд: «Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаи душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба зарбаи даҳшатноку фоҷиабори таърих – мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид… Ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз боло то поён аз фаъолият боз монда, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ гардида буданд».

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун иммунитети давлатдорӣ 

Ин зарбаҳои ҳалокатбор зарурате пеш овард, то миллати мо дар интихоби роҳи минбаъдаи худ бештар талош намояд. Чунин зарурати таърихӣ ва талошҳои хастанопазири шахсиятҳои барҷастаи миллат сабаб гашт, ки мо роҳбари дилсӯзу огоҳ дошта бошем ва роҳи худро дуруст интихоб намоем.

Баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва интихоби роҳбарияти нави сиёсӣ роҳи ягона ва дурусти қатъи хунрезӣ ва сарҷамъ намудани миллат гардид. Аз ин рӯ, дарки қадру қимати ин масири пурпечутоби расидан ба сулҳ барои насли ҷавони мамлакат, ки дар шароити оромӣ ба воя мерасад, вазифаи муҳимтарини шаҳрвандӣ мебошад.

Имрӯз ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик ба яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқамон мубаддал гаштааст.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дода, дар эъмори давлатдории муосир нақши «иммунитети миллиро» мебозад. Барои пешгирӣ аз ҳарсола бемориҳои сиёсию иҷтимоӣ дар пайкари ҷомеа, пеш аз ҳама, ҳифзи сохтори дохилии ин иммунитети муқаддас аз дасткорию тахрибкориҳои беруна зарур ва ҳатмӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»  

Июнь 27, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Эл-Нинё ва Ла-Ниня – ду ҳодисаи табиие, ки ба иқлими ҷаҳон таъсир мерасонанд
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба манфиат ва хусусияти табобатии хӯрокҳои миллӣ
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН: аз фарҳанги сулҳ то амнияти наслҳои оянда
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
АҲАМИЯТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Мулоҳизаҳо дар ин маврид