Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд

Июнь 30, 2026 13:38

ДАНҒАРА, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» як гурӯҳ модарон дар  ноҳияи Данғара бо шароити хизмати ҳарбӣ, фаъолияти ҳаррӯза, таъминоти моддиву маишӣ ва сатҳи омодагии касбии сарбозону афсарони яке аз қисми низомии ҳудуди ноҳия аз наздик шинос шуданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Зимни мулоқот бо сарбозону афсарон модарон аз муҳити солим, интизоми намунавӣ ва шароити мусоиди хизмат изҳори хушнудӣ намуда, барои хизматчиёни ҳарбӣ дар иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи марзу буми Ватан барору комёбӣ орзу карданд.

Иброз гардид, ки модарон ҳамчун тарбиятгарони насли наврас дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва тарбияи фарзандони ватандӯст нақши калидӣ доранд. Маҳз меҳру муҳаббати модарон ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолият ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад.

Дар вохӯрӣ қабули ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда,  солҳои 2027 – 2036» рӯйдоди муҳими байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин ташаббус ба таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколама, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созанда байни давлатҳо ва ҷомеаҳо равона шудааст.

Модарон ин дастоварди байналмилалиро мояи ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аз сиёсати башардӯстона ва сулҳпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд. Ҳифзи сулҳу оромӣ аз оила оғоз ёфта, модарон ҳамеша барои тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳм мегузоранд.

Ба сарбозон дастархон ороста шуда, модарон бо дуои хайр ва суханони ҳидоятбахш онҳоро ба хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ раҳнамун сохтанд.

АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Июнь 30, 2026 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид