35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб сохтмони филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф идома дорад

Июль 14, 2026 14:30

КӮЛОБ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар шаҳри Кӯлоб бо фармоиши Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бунёди чанд иншоот идома дорад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Уҳда» барои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 толори варзишӣ ва толори маҷлис месозад, ки то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Толори маҷлис барои 260 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, таҷҳизонидани он оғоз мегардад.

Толори варзишӣ барои гузаронидани бозиҳои волейболу баскетбол, тенниси рӯи миз ва гӯштин пешбинӣ шуда, дорои 200 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин биноҳо утоқҳои махсуси либосовезӣ ва ҳуҷраҳо барои оббозӣ сохта шудаанд. 15 нафар коргарон ба рангубори қисмати берунии бино ва таҷҳизи толорҳо машғул мебошанд.

Тавре  роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Уҳда» Ҷумахон Хоҷаев иброз дошт,  «мақсад аз  бунёд намудани толори варзишӣ дар муассиса фароҳам овардани  шароити мусоид барои хонандагон бобати гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва ҷалб намудани хонандагон ба рушди варзиш мебошад».

Бо фармоиши Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Давлатманд» сохтмони филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф низ  идома дорад.

Бино аз 6 ошёна иборат буда, корҳои асосии сохтмонӣ дар он ба анҷом расидаанд. Ба сохтмони бино 45 сохтмончӣ ҷалб гардидаанд. Онҳо бо маош ва ҷойи хоб таъмин карда шуда, масолеҳи сохтмонӣ сари вақт дастрас карда мешавад. Ин амал ба анҷоми саривақтии корҳои сохтмонӣ мусоид менамояд. Мувофиқи нақша иншоот дар муҳлати муайянгардида ба истифода супорида мешавад.

Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирсаид» таъмири Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ идома дорад. Китобхона то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  мавриди истифода қарор мегирад.

Бояд гуфт, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ба рушди соҳаи китобдорӣ ва китобхонаҳо такони ҷиддӣ бахшид. Дар ҳамин замина Раиси вилояти Хатлон солҳои 2025-2030-ро «Солҳои маърифати китобхонӣ» эълон намуд, ки дар доираи он якчанд китобхона ба таъмиру таҷдид фаро гирифта мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд