35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вахш муассисаҳои таълимию томактабӣ ва варзишгоҳи марказӣ бунёд мегарданд

Июль 15, 2026 09:19

ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар ноҳияи Вахш бунёди муассисаи таълимӣ, муассисаи томактабӣ, варзишгоҳи марказӣ ва маркази хизматрасонӣ идома дорад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иншоот бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Муҳибулло Ҳабибов сохта шуда, ҳадаф аз бунёди он фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони маҳаллӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки ҷалби соҳибкорони ватанӣ ба бунёди иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ яке аз омилҳои муҳими рушди маҳал буда, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ нақши муассир мегузорад.

Бунёди чунин иншоот дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат дар самти рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии инфрасохтори иҷтимоӣ равона гардидааст.

Дар ноҳияи Вахш муассисаи томактабӣ низ бунёд мегардад. Иншоот бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори ватандӯст Файзиддин Маҳмадализода бо арзиши се миллион сомонӣ сохта мешавад. Бино аз ду ошёна иборат буда, барои фарогирии 250 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дошта, дар раванди бунёди иншоот талаботи меъморӣ ва сохтмонии муосир риоя карда мешаванд. Баъди ба истифода додани муассиса барои кӯдакон шароити мусоиди таълиму тарбия, нигоҳубин ва рушди қобилияти зеҳнию ҷисмонӣ фароҳам оварда мешавад.

Иброз гардид, ки рушди шабакаи муассисаҳои томактабӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, бунёди чунин иншоот барои баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии соҳаи маориф аҳамияти калон дорад.

Бинои муассисаи томактабӣ дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин сохтмони Варзишгоҳи марказии ноҳияи Вахш бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ идома дошта, арзиши умумии лоиҳа беш аз ҳашт миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа, варзишгоҳ барои 7 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия хизмати шоиста хоҳад кард.

Иброз гардид, ки ин иншооти муҳими варзишӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши оммавӣ ва тарбияи варзишгарони соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Июль 15, 2026 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад