Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
ТУРСУНЗОДА, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» зиёда аз 320 нафар кӯдакони ятими шаш мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Ҳисор, Шаҳринав ва вилояти Хатлон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин истироҳатгоҳ хабар доданд.
Истироҳатгоҳ дар дараи Ширкент, дар паҳлуи дарёи Ширкенти шаҳри Турсунзода қарор дошта, он яке аз бонуфузтарин истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо беҳтарин шароити истироҳату фароғат барои кӯдакону наврасон фароҳам оварда шудааст. Имсол низ аз ҳисоби ширкат зиёда аз 400 нафар кӯдакони нимятиму ятимони кул ва кӯдакони оилаҳои камбизоти шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба фароғату истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Даври дуюми истироҳатгоҳи «Ширкент» аз 7 июл оғоз гардида, ба муҳлати 12 шабонарӯз дар ҳамкорӣ бо иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ 450 нафар таълимгирандагони ятиму маъюби мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ истироҳат менамоянд.
Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хизматрасонии сайёҳӣ»-и Ширкати алюминийи Тоҷик Шамшод Фозилзода иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати кӯдакону наврасон имсол дар истироҳатгоҳи «Ширкент» тамоми шароитҳои заруриро муҳайё намудем.
«Соли равон бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расонида шуда, ба меъёрҳои муқаррар намудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ намудем»,-афзуд номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки истироҳатгоҳи «Ширкент» бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин буда, чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзӣ ҳамарӯза дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд. Ин ҷо ҳолати санитарию гигиенӣ пайваста зери назорати мутахассисон қарор дорад.
Наврасон баробари фароғату истироҳат дар ин ҷо бо табиати бою рангини Тоҷикистон шинос шуда, дар сайру гашт ва экскурсияҳо иштирок мекунанд. Дар истироҳатгоҳ хондани суруд, рақсидан, хондани китобҳои бадеӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи машғулиятҳое мебошад, ки барои кӯдакон писанд аст. Ҳамчунин дар истироҳатггоҳ нуқтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки дар он беҳтарин табибон ба кӯдакону наврасон ба таври шабонарӯзӣ хизмати тиббӣ мерасонад.
Истироҳаткунандагон Соҷида Хоҷаева аз шаҳри Душанбе ва Наҷмуддин Фахриддинов аз ноҳияи Сангвор иброз доштанд, ки шароити истироҳатгоҳ ва таъомҳои лазизи он барояшон хеле писанд аст. Аз ин рӯ, соли дуюм аст, ки онҳо ба истироҳатгоҳи «Ширкент» меоянд.
«Давоми ду сол мо дар ин ҷо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дӯстони хуб пайдо намудем. Ҳамчунин роҳбарияти истироҳатгоҳ ва омӯзгорон муомилаи хуб дошта, барои мо истироҳаткунандагон беҳтарин машғулиятҳо мегузаронанд»,- гуфтанд онҳо.
Тибқи иттилои манбаъ, соли равон дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, зиёда аз 220 хонандаи ин муассисаҳои таълимӣ ва 30 омӯзгори он, инчунин 22 омӯзгор аз муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия давоми ҳафт шабонарӯз дар истироҳатгоҳи «Ширкент» истироҳати бофароғат намуданд. Ба онҳо боду ҳавои минтақаи Ширкент ва шароити истироҳатгоҳ хеле писанд омад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






