Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид

Июль 12, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 93 ҳодисаи машғул шудан ба фолбинӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин раёсат хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки нисбат ба 5 нафаре, ки такроран ба фолбинӣ машғул шудаанд, мутобиқи талаботи моддаи 240 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳоло мавриди тафтиш қарор доранд.

Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ барои истифода аз хизматрасонии фолбинон нисбат ба 11 шаҳрванд тибқи моддаи 482 иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима баста шуданд.

Солҳои охир дар ҷомеа шумораи одамоне, ки ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ рӯй овардаанд, зиёд шудааст. Дар баробари рушди босуръати илму технология, мутаассифона, ҳанӯз ҳам шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба фолбинию ҷодугарӣ машғул шуда, онро воситаи ба даст овардани манфиати молиявии хеш намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад.

Сарвари давлат соли 2024 зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз доштанд, ки «Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар».

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш медиҳанд, ки сари ин масъалаи муҳим корбарӣ намоянд.

Дар робита ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи ҷумҳурӣ ҳамарӯза дар саросари мамлакат амалиёти санҷишӣ гузаронида мешаванд. Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба сокинон зарари фолбинӣ ва сеҳру ҷодуро фаҳмонида, таъкид менамоянд, ки машғул шудан ба фолбинӣ ва боварӣ ба фолбинону истифода аз хизмати соҳирон нангинтарин амал ба шумор шумор меравад, аммо аксари онҳо дидаю дониста боз ба ин кирдори номатлуб даст мезананд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст. Ба ҳамаи онҳое, ки маротибаи аввал ба даст меафтанд, тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи аз 6000 то 7500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 рӯз таҳдид менамояд. Барои такрори қонуншиканӣ ё вазнинтар эътироф шудани амалу кирдор тибқи моддаи 240.1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тибқи он ҷарима ба маблағи аз 112 ҳазору 500 то 150 000 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ карда шудааст.

Дар ин замина мақомоти дахлдор пайваста аз шаҳрвандон даъват менамоянд, ки дар пешгирӣ ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд. Аз муроҷиат ба фолбинон худдорӣ намуда, дар ошкор ва пешгирии чунин ҳуқуқвайронкуниҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Июль 12, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд