Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ то давраи соли 2030 дар Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешсафи технологӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба табдили рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Дар доираи форум инчунин тадқиқоти байналмилалии IDC White Paper «Tajikistan National ICT Development», ки дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳия шудааст, муаррифӣ гардида, масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи IT муҳокима шуданд.
Иштирокдорони форум омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба суръат бахшидан ба табдили рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди устувори иқтисоди рақамии миллӣ нигаронида шудаанд, баён намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






