Дар Хатлон масоили рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва боғдорӣ баррасӣ гардид

Июль 13, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Раиси Шурои директорони ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. Ян Сисюн доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориро дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла ташкили боғҳои муосири интенсивии себ, истеҳсоли ниҳолҳои баландсифат, амалӣ намудани технологияҳои пешрафтаи агросаноатӣ, инчунин нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти боғдорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки вилоят бо доштани иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез ва имконоти васеи рушди соҳаи боғдорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ шароити муносиб фароҳам овардааст. Истифодаи самараноки ин имконият метавонад ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат намояд.

Ян Сисюн иброз намуд, ки ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. барои рушди ҳамкории амалӣ бо вилояти Хатлон омода буда, зимнан таҷрибаи ғании ширкатро дар самти парвариши навъҳои серҳосили себ, ташкили боғҳои интенсивӣ ва истифодаи технологияҳои муосири агросаноатӣ муаррифӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки татбиқи чунин таҷриба метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва рушди содироти меваю маҳсулоти боғдорӣ мусоидат кунад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, омӯзиши имконияти таъсиси боғҳои интенсивии себ, муайян намудани қитъаҳои замини мувофиқ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар самтҳои нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ карда шуданд.

Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак метавонад ба рушди соҳаи боғдорӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳкими ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Чин саҳми назаррас гузорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июль 13, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд