Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
РӮДАКӢ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №7-и деҳаи Оби Шифои Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири қадрдонӣ намудани ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Хонандаи сол — 2026» ва ғолибони даврҳои минтақавию ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Соли 2026 аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 62 хонанда ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ гузашта, 36 нафар бо натиҷаҳои арзанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, 5 нафар ҷойи дуюм ва 31 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ озмуни «Хонандаи сол — 2026» баргузор гардид, ки дар он хонандагони зиёд иштирок намуданд. Дар ин озмун як нафар соҳиби Шоҳҷоиза, як нафар соҳиби ҷойи дуюм ва ду нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар ҳамоиш ба ғолибони озмуну олимпиадаҳо медалҳо, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Иброз гардид, ки дастовардҳои имрӯза самараи сиёсати давлатӣ дар самти рушди маориф, меҳнати содиқонаи омӯзгорон, дастгирии падару модарон ва талошҳои пайвастаи хонандагон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






