Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ноҳияи Шуғнон ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Шароити мусоиди иқлимӣ, гуногунии рустаниҳои шаҳдовар ва табиати нотакрори ноҳия барои истеҳсоли асали хушсифат заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Занбӯриасалпарварӣ яке аз бахшҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо асали табиӣ, баланд бардоштани даромади оилаҳо, таъсиси ҷойи нави кор ва беҳтар намудани гардолудшавии зироати кишоварзӣ нақши муҳим дорад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ корҳои зиёди назаррас анҷом дода шуданд. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва дар асоси он якчанд қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи он мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва ҳавасмандгардонии занбӯриасалпарварон аввалин маротиба дар Тоҷикистон соли 2005 «Иди асал» доир гардид. Ҳоло он ҳамасола дар пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳо баргузор карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






