ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов

Июль 26, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар арафаи иди бузурги миллӣ: 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар манотиқи кӯҳистон корҳои ободонию созандагӣ бо азму талош ва суръати баланд равнақ ёфта истодаанд. Шаҳру навоҳӣ дар пеши назар шукуфону зебо мегарданд. Инро мо дар мисоли шаҳри Хоруғ низ баръало дида истодаем. Чун сухан аз ин шаҳр- маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, маъруф ба Боми Ҷаҳон рафт, ин ҷо мехоҳем дар бораи як далели ҷолиби марбут ба адиби ҷаҳоншумул Константин Симонов чанд сухан гӯем. Ӯ ба муаррифӣ ниёз надорад, ба ёд овардани як шеъраш бо номи «Интизорам бош!» кофист, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон вирди забонҳо гашта буд.

— Бар замми ин, ӯ на танҳо чун шоир, насрнавис, драматурги забардаст, балки ҳамчун публитсисти беҳамто низ эътироф гардидааст. Гузашта аз ин, адиб дар поёни умраш китоберо бо номи «Журналист мемонам» чоп карда буд. Дар ин китоб очеркҳои сафарию портретӣ ва лавҳаю хотираҳояш ҷой дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охири солҳои панҷоҳуму аввали солҳои шастуми асри гузашта Константин Симонов мухбири рӯзномаи «Правда» буд ва дар шаҳри Тошканд мезист. Бо тақозои вазифа тез – тез ба ҳар гӯшаю канори минтақа сафарҳо мекардааст. Адиб ба ноҳияи Мурғоб ва шаҳри Хоруғ низ омада будааст.

Баъд аз дидани шаҳри Хоруғ нависанда таассуроти худро чунин ба қалам додааст: «Давоми умри пурғановати хеш ман бисёр шаҳру шаҳракҳои оламро дидаам. Лекин ба назарам Хоруғ яке аз зеботаринҳост. Хоруғ шаҳри соҳилист ва ҳамчунин боғшаҳр дар баландии баландиҳо».

Ман ин навиштаҷоти нависандаи борикбинро дар китоби «Журналист мемонам» хондам. Ва аз он болидам, ки дар Тоҷикистони мо чунин шаҳру деҳоти зебо ҳастанд, дар Тоҷикистоне, ки дар он сулҳу амонӣ ҳукмфармост ва бо шарофати ин мамлакати мо ҳамвора рӯ ба рушд аст.

Сафари Константин Симонов ба шаҳри Хоруғ соли 1960 ба вуқуъ пайвастааст. Агар ӯ Хоруғро имрӯз медид, Худо донад, чиҳо мегуфт. Шаҳр тозаю озода буда, дар он биноҳои баландошёна қомат афрохтаанд, иншооти таъйиноти гуногун арзи вуҷуд кардаанд, кӯчаҳо мумфарш буда, шабона чароғҳо фурӯзонанд. Ва ҳамоно Хоруғ боғшаҳри лаби дарёст.

Ба наздикӣ боз китоби Константин Симонов «Журналист мемонам» — ро варақгардон кардаму тавсифи муаллифро роҷеъ ба Хоруғ бори дигар хондам. Аз дил чунин гузарондам: чӣ хуш мебуд, агар роҳбарияти шаҳри Хоруғ ташаббус нишон диҳанду дар даромадгоҳи шаҳр овезаеро бо суханони дар васфи Хоруғ гуфтаи ин нависандаи номӣ ҷойгир намоянд.

Ин амал ҳам сокинони маҳаллиро шод мекард ва ҳам барои сайёҳон ҷолиб мебуд. Насли дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба дунёомада ифтихор мекард, ки дар чунин шаҳри зебо ва хушбоду ҳаво зиндагӣ дорад. Зеро мо имсол 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоем ва бо ин амал дар ободонию шукуфоии ин боғшаҳр саҳми арзанда мегузорем.

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад