Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 июли 2026 рӯзномаи «Умон» — яке аз нашрияҳои бонуфузи Салтанати Умон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода мусоҳиба ба нашр расонид.
Мусоҳиба дар арафаи 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Умон чоп шуда, сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи асосёфта ба эътимоди мутақобил байни ду кишварро инъикос менамояд.
Дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома Асъад ибни Аҳмад Ал-Балушӣ Сафири Тоҷикистон ба заминаҳои таърихиву фарҳангии муносибатҳои ду кишвар ишора намуда, таъкид кардааст, ки ҳамкории Тоҷикистону Умон бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод ва иродаи муштараки роҳбарияти ду давлат пайваста таҳким меёбад.
Дар мусоҳиба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳамкории нақлиётиву логистикӣ, инчунин имконияти истифодаи бандарҳои стратегии Умон барои дастрасии Тоҷикистон ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Нашри ин мусоҳиба дар рӯзномаи бонуфузи «Умон» ба муаррифии имконоти Тоҷикистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Тарҷумаи пурраи мусоҳибаи мазкур ба забони тоҷикӣ манзур мегардад.
— Муҳтарам сафир, сатҳи муносибатҳо байни Салтанати Умон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Муносибатҳои Тоҷикистону Умон бар пояи мероси ғании тамаддунӣ бунёд ёфтаанд, ки давоми асрҳо дар доираи тамаддуни исломӣ ва Роҳи Абрешим шакл гирифтааст. Арзишҳои таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва кушодандешӣ дар таҳкими робитаҳои устувори байни халқҳои мо нақши муҳим бозидаанд.
Бо камоли мамнуният таъкид менамоям, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дӯстона, мустаҳкам ва бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод ва иродаи муштарак барои густариши ҳамкорӣ асос ёфтаанд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон 15 ноябри соли 2007 барқарор гардидаанд. Соли оянда мо бистумин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии байни ду кишварро таҷлил хоҳем кард.
Дар солҳои охир ин муносибатҳо дар тамоми самтҳо рушд карданд. Ин пешрафт бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду кишвар ба даст омадааст, ки барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкории дуҷониба заминаи устувор фароҳам меорад.
— Муҳимтарин марҳилаҳои ҳамкории дуҷониба дар солҳои охир кадомҳоянд?
— Дар солҳои охир муносибатҳои дуҷониба бо табодули сафарҳои расмӣ, иштироки мутақобил дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва идомаи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар тавсеа ёфтаанд.
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бародарашон Султони Умон Аълоҳазрат Султон Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саид тавассути табодули паёмҳо ва номаҳои табрикотӣ дар муносибатҳои гуногун робитаи доимӣ ва судманд барқарор аст.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои ду давлат сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин ба Салтанати Умон дар моҳи декабри соли 2019 мебошад. Дар ҷараёни ин сафар мулоқоту музокироти судманд ва созанда бо роҳбарият ва масъулони воломақоми Салтанат баргузор гардид.
Ҳамчунин ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Масқат ва таъйини сафири муқими Тоҷикистон дар соли равон гардиши таърихӣ дар рушди муносибатҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад. Мо ҳамзамон умедворем, ки Сафорати Салтанати Умон дар шаҳри Душанбе низ дар фурсати наздик ифтитоҳ гардида, фаъолияти худро оғоз хоҳад кард.
Дар ин замина мехоҳам бо сипосу қадрдонӣ ёдовар шавам, ки Ҳукумати Салтанати Умон ҳанӯз соли 2010 бо мақсади расонидани кумакҳои башардӯстона ва рушди иҷтимоӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дида буданд, як лоиҳаи муҳими башардӯстона ва рушдро амалӣ намуд. Ин иқдоми башардӯстона воқеан шоистаи таҳсин ва қадрдонии баланд мебошад.
— Муҳтарам Сафир, ба назари Шумо Тоҷикистон ва Умон дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ чӣ гуна нақш бозида метавонанд?
— Ба ҳамагон маълум аст, ки кишвари дӯсту бародари Салтанати Умон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Аълоҳазрат Султон Ҳайсам ибни Ториқ дар таҳкими амнияту субот ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ нақши барҷаста ва шоистаи таҳсин дошта, ҳамоно онро идома медиҳад. Бахусус дар шароите, ки минтақа давоми моҳҳои охир бо таҳаввулоти ҳассосу нигаронкунанда рӯ ба рӯ гардидааст.
Роҳбарият, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамеша аз нақши созанда ва мусбати Салтанати Умон дар ин самт бо қадрдонӣ ёд мекунанд.
Ҳамзамон Тоҷикистон ва Умон дар сиёсатҳои хориҷии худ ба принсипҳои эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, муколама, ҳамкории бисёрҷониба ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳо пойбанд буда, ба ҳалли мусолиматомези низоъҳо ҳамчун роҳи асосии таъмини сулҳу субот эътимод доранд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи байналмилалӣ дар самти таҳкими амнияту суботи ҷаҳонӣ ва мубориза бо терроризм саҳми назаррас дорад. Яке аз чунин ташаббусҳо «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» (Dushanbe Counter-Terrorism Process) мебошад, ки соли 2018 дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид.
Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи ғании худ дар муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар муколамаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштироки фаъолона дорад.
Дар ҳамин замина Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чанде пеш қатъномае қабул намуд, ки солҳои 2027–2036-ро «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон мекунад. Ин ташаббус бар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд, қабул шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва манфиатдор аст, ки бо Салтанати Умон барои татбиқи чунин ташаббусҳо ва тақвияти талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ҳамкории зич дошта бошад.
— Ба назари Шумо кадом самтҳо дар марҳилаи оянда барои рушди ҳамкории дуҷониба имконияти бештар доранд?
— Фикр мекунам, муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Умон имрӯз ба сатҳи баланди рушд расидаанд, ки ин бо шарофати роҳнамоӣ ва дастгириҳои роҳбарияти олии ҳар ду кишвари бародар амалӣ гардидааст. Ҳамчунин байни ду ҷониб дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳангии хуби мавқеъҳо ба назар мерасад.
Бо такя ба сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба мо барои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳи муштарак талош хоҳем кард, то аз он мардумони ҳар ду кишвар манфиати воқеӣ ба даст оранд.
Ба назари ман бахшҳои сармоягузорӣ, энергетикаи барқароршаванда, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, саноати кӯҳӣ, сайёҳӣ, хизматрасониҳои логистикӣ, маориф, фарҳанг ва иқтисоди рақамӣ аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ба ҳисоб мераванд.
Илова бар ин, мавқеи ҷуғрофии мусоиди ҳар ду кишвар имконияти муҳимеро барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни Осиёи Марказӣ ва минтақаи Халиҷи Форс фароҳам меорад.
— Оё нақшаҳое барои ташкили сафарҳои расмии сатҳи олӣ ё баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байни ду кишвар вуҷуд доранд?
— Бешубҳа, яке аз авлавияти мо дар давраи наздик ҳамкорӣ бо бародарони умонӣ ҷиҳати омода ва баргузор намудани сафарҳои расмии мутақобил дар сатҳи роҳбарони ду кишвар мебошад, аз ҷумла сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Масқат ва сафари Аълоҳазрат Султони Умон ба шаҳри Душанбе.
Ҳамзамон дар айни замон ҳамоҳангиҳо ҷиҳати ташкили сафари расмии вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон муҳтарам Бадр ибни Ҳамад Ал-Бусаидӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Ин сафар дар асоси даъвати расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин дар ояндаи наздик анҷом хоҳад шуд.
Илова бар ин, мо барои баргузории даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар низ талош хоҳем кард. Ин ниҳод яке аз механизмҳои муҳими баррасии роҳҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва пайгирии татбиқи онҳо ба ҳисоб меравад.
— Ҳаҷми гардиши савдои байни ду кишвар ҳанӯз ба сатҳи дилхоҳ нарасидааст. Ба афзоиши он кадом иқдомҳои амалӣ метавонанд мусоидат намоянд?
— Дуруст аст, ки ҳаҷми кунунии гардиши савдои дуҷониба ҳанӯз имконоти воқеии иқтисодии ҳар ду кишварро пурра инъикос намекунад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки вохӯриҳои соҳибкорон бештар баргузор гардида, форумҳои махсуси иқтисодӣ ташкил карда шаванд ва ҳайатҳои тиҷоратӣ ба кишварҳои якдигар табодули сафар намоянд. Инчунин соҳибкорон аз имконияти Тоҷикистону Умон самаранок истифода бурда, шабакаҳои нақлиётӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ такмил ёбанд ва ҳамзамон ба сармоягузорон дар бораи имкониятҳои мавҷуда дар ҳар ду кишвар маълумоти мукаммал пешниҳод намоянд.
— Оё барои ба имзо расонидани созишномаҳои нави иқтисодӣ ё тиҷоратӣ барномаҳо ҳастанд?
— Тавре қаблан зикр намудам, дар марҳилаи оянда мо ба таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ афзалияти аввалиндараҷа хоҳем дод. Табиист, ки рушди ин раванд тавсеаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориро тақозо мекунад.
Ҳоло шумораи зиёди лоиҳаҳои созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум дар самтҳои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобили сармоягузорӣ таҳия гардидаанд. Мо умедворем, ки онҳо дар доираи сафарҳои расмии дарпешистода ба имзо хоҳанд расид.
Ҳамчунин дар давраи наздик барои таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Умон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ иқдом хоҳем кард. Фаъолияти чунин комиссия барои пайгирии иҷрои созишномаҳо ва дарёфти самтҳои нави ҳамкорӣ аҳаммияти калон дорад.
— Бахши хусусӣ дар таҳкими ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар чӣ нақш дошта метавонад? Оё барои таъсиси Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Умон музокирот вуҷуд дорад?
— Бахши хусусӣ муҳаррики асосии рушди ҳамкории иқтисодӣ мебошад. Мо намояндагони бахши хусусии ҳар ду кишварро ташвиқ менамоем, ки шарикии мустақим барқарор созанд, аз имконияти сармоягузорӣ самаранок истифода баранд ва дар намоишгоҳҳо ва форумҳои иқтисодӣ фаъолона иштирок намоянд. Ин иқдомҳо барои ташаккули робитаҳои устувори соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Тавре қаблан ишора намудам, дар айни замон ҳамоҳангиҳо бо ҷониби Умон ҷиҳати таъсиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ идома доранд. Бешубҳа, таъсиси ин комиссия барои таъсиси Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Умон низ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Мо бар ин назарем, ки таъсиси чунин шуро қадами муҳим дар роҳи таҳкими робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар, мусоидат барои ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштарак ва афзоиши ҳаҷми гардиши савдо ва сармоягузорӣ хоҳад буд.
— Ба назари Шумо кадом бахшҳо барои ҷалби сармоягузории Умон ба Тоҷикистон бештар афзалият доранд?
— Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти имконияти фаровон ва иқтидори бузурги сармоягузории худ метавонад ба яке аз самтҳои умедбахш барои сармоягузорони кишвари бародари Салтанати Умон табдил ёбад.
Кишвари мо ба рушди лоиҳаҳо дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, нафту газ, истеҳсоли пахта ва нассоҷӣ, алюминийи аввалия, саноати коркард, хизматрасониҳои логистикӣ, иқтисоди рақамӣ, сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ афзалияти махсус медиҳад.
Тоҷикистон аз сармоягузории ҷониби Умон дар ҳамаи ин бахшҳои ояндадор истиқбол намуда, омода аст барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак шароити мусоид фароҳам оварад.
— Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ чӣ гуна имтиёзҳо ва шароити мусоид пешниҳод мекунад?
— Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ маҷмуи васеи имтиёзҳо ва механизмҳои дастгириро пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, дар якчанд соҳаҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ имтиёзҳои андозӣ пешниҳод гардида, расмиёти маъмурӣ сода карда шудаанд ва кафолатҳои ҳуқуқӣ барои ҳифзи сармоягузориҳои хориҷӣ таъмин мебошанд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба беҳтар шудани муҳити соҳибкорӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ мусоидат мекунанд.
Дар қонунгузории амалкунандаи кишвар зиёда аз 240 намуди имтиёз ва сабукиҳо барои соҳибкорон ва сармоягузорон пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин қонунҳои амалкунанда дар бораи сармоягузорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ мутобиқ ба таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ такмил дода шудаанд. Қонуни нави сармоягузорӣ барои сармоягузорон кафолатҳо ва ҳуқуқҳои мушаххасро пешбинӣ намуда, баробарии ҳуқуқии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷиро таъмин мекунад.
— Имконияти истифодаи сармоягузорони тоҷик аз муҳити сармоягузории Салтанати Умонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Ба ҳамагон маълум аст, ки Салтанати Умон дорои муҳити устувор ва пешрафтаи сармоягузорӣ, зерсохтори муосир, бандарҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақаҳои махсуси иқтисодӣ мебошад. Маҳз ҳамин омилҳо Умонро ба яке аз самтҳои ҷолиби сармоягузорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ табдил додаанд.
Дар ин замина, мо барои рушди шарикиҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони тоҷик ба муҳити сармоягузории Салтанати Умон талош хоҳем кард.
— Тоҷикистон дорои иқтидори бузург дар соҳаи гидроэнергетика мебошад. Оё имконоти ҳамкорӣ бо Умон дар бахши энергетика вуҷуд доранд?
— Бешубҳа, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ барои истеҳсоли неруи барқи обӣ мебошад. Иқтидори умумии гидроэнергетикии кишвар ба 527 миллиард киловатт-соат неруи барқ дар як сол мерасад, аммо то имрӯз танҳо тақрибан 5 фоизи ин имконият мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷаҳон ҷойгоҳи ҳаштум ва аз рӯи ҳиссаи истеҳсол ва истеъмоли неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар мақоми шашум қарор дорад.
Ин нишон медиҳад, ки захираҳои гидроэнергетикӣ яке аз сарватҳои асосии миллии Тоҷикистон мебошанд. Захираҳои фаровони обии кишвари мо, ки тақрибан 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ дар сатҳи минтақа имконоти васеъ фароҳам меоранд.
Дар айни замон дар Тоҷикистон бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикии кишвар — Неругоҳи барқи обии «Роғун» амалӣ шуда истодааст. Ин тарҳ яке аз омилҳои калидии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар буда, ҳамзамон аз муҳимтарин манбаъҳои истеҳсоли энергияи «сабз» ба ҳисоб меравад.
Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» мунтазам идома доранд ва аллакай ду агрегати он ба истифода дода шудааст. Неругоҳ аз шаш агрегат иборат буда, иқтидори ҳар яке 600 мегаватт мебошад.
Рушди лоиҳаҳои бузург, миёна ва хурди энергетикӣ дар Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки неруи барқи «сабз» ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон тавассути хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла лоиҳаи минтақавии CASA-1000 содир карда шавад. Ин тарҳ яке аз бузургтарин лоиҳаҳои минтақавӣ буда, интиқоли неруи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ таъмин мекунад.
Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкории судмандро бо ҷониби Умон дар бахши энергетика густариш диҳад.
— Оё имкони таъсиси шарикӣ дар бахшҳои энергетикаи барқароршаванда ва гидрогени сабзро мебинед?
— Тоҷикистон дар баробари афзалият додан ба истифодаи захираҳои обӣ барои истеҳсоли неруи барқ ба рушди дигар манбаъҳои энергетикаи барқароршаванда ва «энергияи сабз», аз ҷумла энергияи офтобӣ, бодӣ ва гидрогени сабз низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Кишвари мо барои ташаккули низоми мутавозини истеҳсоли неруи барқ тавассути истифодаи манбаъҳои гуногуни энергетикаи барқароршаванда имконият ва иқтидори мусоид дорад.
Бо назардошти он ки энергетикаи барқароршаванда ва тоза ояндаи иқтисоди ҷаҳониро муайян мекунад, Тоҷикистон ва Умон метавонанд аз таҷриба ва имконияти худ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетикаи барқароршаванда ва гидрогени сабз истифода баранд. Ин ҳамкорӣ ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор низ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон мо умедворем, ки бахши хусусии Салтанати Умон дар сармоягузорӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон, бахусус дар бунёди неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ иштироки фаъол хоҳад дошт.
— Муҳимтарин имконоти сармоягузорӣ дар бахши истихроҷи маъдан ва саноати кӯҳӣ кадомҳоянд?
— Беш аз 90 фоизи қаламрави Тоҷикистонро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, ки кишварро ба яке аз сарзаминҳои дорои захираҳои ғании маъданӣ табдил додаанд.
Тоҷикистон дорои захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданок, аз ҷумла тилло, нуқра, мис, сурма, сурб, руҳ, литий ва дигар маъданҳои муҳим ва нодир мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар бахшҳои иктишоф, истихроҷ ва коркарди ин захираҳо имконияти васеъ ва ҷолиб фароҳам овардааст.
То имрӯз зиёда аз 400 кон ва кони зуҳуроти маъданҳои гуногун кашф ва омӯхта шудаанд, ки барои рушди босамари саноати кӯҳӣ, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар кишвар заминаи устувор муҳайё месозанд.
— Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони об ва заминҳои кишоварзӣ мебошад. Оё барои ба роҳ мондани шарикӣ бо ширкатҳои умонӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ имконот мавҷуданд?
— Захираҳои ғании табиӣ, заминҳои ҳосилхез ва иқлими мусоид ба Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳои хушсифат ва хушлаззат истеҳсол намояд. Аз ин рӯ, соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар самтҳои парвариши гӯсфанд, занбӯриасалпарварӣ, истеҳсол ва содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин содироти оби тозаи нӯшокӣ бо мақсади дастрас намудани ин маҳсулот ба бозорҳои кишварҳои Халиҷи Форс ва Ховари Миёна метавонад барои шарикони умонии мо аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле судманд бошад.
Бешубҳа, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду давлат мебошад. Дар ин замина, имконоти хуб барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва рушди занҷираҳои таъминот мавҷуданд, ки ба манфиати ҳар ду кишвар хизмат хоҳанд кард.
— Бандарҳои Умон чӣ гуна метавонанд ба рушди тиҷорати Тоҷикистон бо бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат намоянд? Оё Тоҷикистон ба истифодаи бандарҳои Умон ҳамчун дарвозаи содирот ва воридоти худ таваҷҷуҳ дорад?
— Салтанати Умон аз мавқеи ҷуғрофии бисёр мусоид ва стратегии худ бархӯрдор буда, дар байни бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши пайвандгарро иҷро мекунад. Илова бар ин, Умон дорои бандарҳои муосири сатҳи байналмилалӣ ва зерсохтори пешрафтаи логистикӣ мебошад, ки мавқеи онро ҳамчун маркази минтақавии тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамлу нақли баҳрӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ метавонад аз имконоти бандарҳои Умон тавассути роҳандозии шарикии тиҷоратӣ ва логистикӣ самаранок истифода барад. Ин ҳамкорӣ метавонад Тоҷикистонро ба дарвозаи бозорҳои кишварҳои Халиҷи Форс, Ховари Миёна, Африқо ва ҳавзаи уқёнуси Ҳинд наздик созад. Ҳамзамон чунин ҳамкорӣ барои рушди гардиши савдои байни ду кишвар низ аҳаммияти калон хоҳад дошт.
Мо ин масъаларо дар қатори авлавияти фаъолияти худ барои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Умон қарор хоҳем дод.
— Оё барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Умон нақшаҳо ҳастанд? Ҳамчунин оё музокирот оид ба бекор ё сода кардани низоми раводид байни ду кишвар ҷараён дорад?
— Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои ояндадори муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон ба ҳисоб меравад, зеро ҳар ду кишвар дорои имконияти ғании табиӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ мебошанд.
Ҳар ду ҷониб ба густариши табодули сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Дар ин замина таҳкими ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дахлдор, ҷалби сармоягузорӣ ба бахши сайёҳӣ, ташкили сафарҳои мутақобил ва иштироки фаъол дар намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳим мебошанд.
Дар мавриди осон намудани тартиби сафар шаҳрвандони Салтанати Умон аллакай аз гирифтани раводид барои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд. Ин иқдом бозгӯйи сиёсати дарҳои кушоди Тоҷикистон ва талошҳои он барои рушди сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои мардумӣ мебошад.
Мо умедворем, ки мақомоти салоҳиятдори Салтанати Умон низ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдоми мусбатро ташкил хоҳанд кард. Ҷорӣ гардидани низоми мутақобил метавонад ба афзоиши ҷараёни сайёҳон, густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ мо дар давраи наздик барои ташкили парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Масқат талош хоҳем кард. Ин иқдом дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ, ки соли 2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Салтанати Умон ба имзо расидааст, амалӣ хоҳад шуд.
— Оё дар ояндаи наздик баргузории форуми иқтисодӣ ё намоишгоҳи муштараки сармоягузорӣ дар Масқат ё Душанбе имконпазир аст?
— Дар доираи мулоқоту музокироти минбаъдаи худ бо роҳбарони вазорату идораҳои гуногуни Салтанати Умон мо масъалаи имкони баргузор намудани форумҳои сармоягузорӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои муштаракро баррасӣ хоҳем кард. Ҳадаф аз ин иқдомҳо таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сайёҳии байни ду кишвар мебошад.
Аз ҷониби худ мо омода ва ҳавасманди он ҳастем, ки чунин чорабиниҳоро дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор намоем, зеро онҳо ҳамчун майдони муассир барои робита ва муоширати сармоягузорон ва соҳибкорон хизмат намуда, ба табдил додани имконияти сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои воқеӣ мусоидат мекунанд.
Ман итминон дорам, ки чунин ташаббусҳо ва пешниҳодҳо аз ҷониби бародарони мо дар Умон бо истиқбол ва дастгирӣ пазируфта хоҳанд шуд.
— Бо назардошти тағйироти иқтисодии ҷаҳонӣ кадом бахшҳоро муҳимтарин самтҳои пешбарандаи шарикии ду кишвар дар даҳсолаи оянда медонед?
— Ба назари ман энергетика, саноат, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, хизматрасониҳои логистикӣ, истихроҷи маъдан, иқтисоди рақамӣ, сайёҳӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии пешбарандаи шарикии ояндаи Тоҷикистон ва Умон хоҳанд буд.
Мо итминон дорем, ки муносибатҳои Тоҷикистону Умон тамоми заминаҳои заруриро барои ба даст овардани пешрафти босифат ва таҳаввули ҷиддӣ дар солҳои наздик доро мебошанд, ки ин ба манфиатҳои ҳар ду давлат ва халқҳои бародари онҳо хизмат хоҳад кард.
Ҳамчунин мо умедворем, ки ҳамкории худро бо Салтанати Умон дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои рушд ва инфрасохторӣ дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият хоҳем бахшид.








Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд






