НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳо ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 8 миллиард кВт-соатро ташкил дод

Июль 13, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 8 миллиарду 890,7 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 2,7 миллион кВт-соат кам мебошад. Дар ин хусус 13 июл Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 7 миллиарду 926,7 миллион кВт-соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 964,0 миллион кВт-соат таъмин карда шудааст.

Дар ин давра талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар маҷмуъ 28,4 миллион кВт-соат ё 0,32 фоизи барқи истеҳсолшударо ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 0,07 фоиз коҳиш ёфтааст.

Таъкид шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар соли равон ба 751 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 дар ҳаҷми 61,5 ҳазор Гкал кам гардидааст.

Ҳамзамон бо мақсади беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар нимсолаи якуми соли 2026 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» аз дигар истеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат 2 миллиарду 752,8 миллион кВт-соат неруи барқ ворид намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ҳаҷми воридот 258,7 миллион кВт-соат кам мебошад. Неруи барқ асосан аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 1 миллиарду 476,8 миллион кВт-соат, аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» 474,2 миллион кВт-соат ва аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» 667,2 миллион кВт-соат харид гардид.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар ин давра барои иҷрои қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият карда, самти асосии фаъолиятро ба самаранок ва сарфакорона истифода намудани иқтидори истеҳсолӣ ва захираҳои обию энергетикии мамлакат равона намуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд