НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд

Июль 17, 2026 13:21

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 95 917 адад истеҳсолоти самти алимент 106 миллиону  563 ҳазору  594 сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода иттилоъ дод.

Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки соли 2025 бо фармоиши дахлдор дар назди сардори Хадамоти иҷро оид ба ҳалли мушкилоти рӯёнидани маблағ ба манфиати давлат, пардохти маблағи алимент, татбиқи маҳдудияти қонунӣ нисбат ба қарздорон ва рӯёнидани пардохти иҷро, баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои гуфташуда ситод таъсис дода шуд. Дар ҳар даҳ рӯз ин самтҳои фаъолият бо иштироки иҷрочиён мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Гуфта шуд, ки бо истеҳсолоти иҷрои давоми шашмоҳаи якуми соли 2026 оғозгардида аз ҷониби иҷрочиён тамоми чораҳои иҷро мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қарздорон татбиқ карда шуда, бинобар имконнопазир гардидани таъмини талаботи санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар маҷмуъ 343 ҳуҷҷати иҷро мутобиқи моддаи 128 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба ситонандагон баргардонида шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2026 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд