НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 4700 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд

Июль 13, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон 4724 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм намуданд, ки аз ин 1232 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд – 1431 нафар, вилояти Хатлон – 954 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 37 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 510 нафар ва шаҳри Душанбе – 1792 нафар ба машғулияти кӯтоҳмуддат ҷалб шуданд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Инчунин дар ин давра машғулияти кӯтоҳмуддати назди марказҳои шуғли фосилавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро 725 нафар хатм намуданд. Дар маҷмуъ дар шаш моҳи соли 2026 10 ҳазору 844 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, инчунин 4 ҳазору 807 нафар касбомӯзон таҳсилро идома дода истодаанд. Хатми касбомӯзон нисбат ба ҳамин давраи соли 2026 5 ҳазору 684 нафар зиёд мебошад.

«Кумита яке аз омилҳои асосии мусоидаткунанда барои омода кардани кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таълимиро дар фароҳам овардани заминаи моддию техникии муосир мебинад. Вобаста ба ин, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо истифода аз маблағҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ ва бо дастгирии шарикони рушд корҳои таъмирию навсозии биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо, устохонаҳои таълими истеҳсолӣ, ошхона ва хобгоҳҳо, инчунин ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ идома дорад. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 207 озмоишгоҳ, устохонаи таълимӣ, илмӣ-методӣ ва технопаркҳо бо фарогирии 3 ҳазору 654 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Соли равон аксарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва инчунин шарикони рушд давра ба давра таъмиру навсозӣ шуда истодаанд»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 7 филиал фаъолият намуда, аз рӯйи 10 самт: омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи 344 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд, ки нисбат ба соли 2025 135 ихтисос зиёд гардидааст. Шумораи донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ 106 ҳазору 407 нафар мебошад. Дар соли таҳсили равон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакатро дар маҷмуъ 25 ҳазору 891 нафар хатм намудаанд.

Ҳамзамон дар назди якчанд муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки аз рӯйи зиёда аз 20 ихтисос касбҳои коргарӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ омода карда мешавад. Теъдоди хонандагон дар ин шуъбаҳои назди муассисаҳо 4359 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли таҳсили 2024-2025 1368 нафар зиёд мебошад.

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 594 ташкилоту корхонаи соҳавӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва машғулияти таълими истеҳсолӣ шарномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, бо дигар ташкилоту корхонаҳо ҳамкорӣ доранд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид