НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст

Июль 13, 2026 08:59

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат 11 ҳазору 731 ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 592 ҷиноят ба муомилоти ғайқонунии маводи нашъаовар вобаста мебошад, ки 5 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2026 58 ҷиноят ё 11 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар шаш моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаю 963 килограмм маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 143 килограмм ё 5 фоиз кам мебошад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон бо ҷурми муомилоти ғайқонунии маводи нашъаовар 28 шаҳрванди хориҷӣ дастгир карда шуд, ки аз онҳо 694 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид. Аз ҷумла, 18 шаҳрванди Афғонистон бо мусодираи 601 килограмм, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон бо мусодираи 10 килограмм, 6 шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон бо мусодираи 65 килограмм, 2 шаҳрванди Қирғизистон бо мусодираи 11 килограмм ба қайд гирифта шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2026 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид